Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ишқободу "Юкос" ба ҷайби "Газпром" чашм дӯхтаанд


Туркманистон ахиран таҳдид кардааст, ки дар ғайри сурати боло бурдани нархи газ содироти газаш ба ширкати "Газпром"-и Русияро қатъ хоҳад кард. Вазорати хориҷаи Туркманистон дар баёнияаш гуфтааст, "Газпром" бояд барои ҳазор метри мукааби газ ба ҷойи 65 доллари ҳолӣ 100 доллар бипардозад. Туркманистон дар ҳоли бахши аъзами содироти газаш ба кишварҳои Аврупоро тавассути "Газпром" анҷом медиҳад, вале бори аввал нест, ки байни Ишқободу Маскав дар заминаи нархи газ чунин танишҳо сар мезананд.

Ширкати нафти "Юкос", ки аз сӯи мақомоти Русия ба сарпечӣ аз пардохтани молиёт ба маблағи миллиардҳо доллар муттаҳам мешавад, мехоҳад 20 дарсад саҳмияаш дар ширкати "Сибнефт"-ро ба ширкати давлати "Газпром" бифурӯшад. Раҳбари шӯрои саҳомдорони "Юкос" Виктор Герашенко гуфт, музокироти масъала ҳанӯз идома дорад. Вай гуфт, беҳтарин роҳи ҳалл, албатта, мустақиман ба ширкати двлатии "Роснефт" фурӯхтани ин саҳмияҳост. "Роснефт" дар пайи зиндонӣ шудани раҳбари "Юкос" Михаил Ходорковский, тавассути як тиҷорати баҳсбарангез "Юганскнефтегаз", бузургтарин корхонаи нафткаши тобеъи "Юкос"-ро ба моликияти худ дароварда буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG