Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири қонуни матбуоти Қазоқистон сабаби танқидҳои байнулмилалӣ гардид


Ин дигаргуниҳо, ки аз тарафи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пуштибонӣ шудаанд, сардабирони нашрияҳоеро, ки бо қарори додгоҳ баста шудаанд, аз идомаи кор дар чунин мақом дар нашрияи дигар манъ мекунад. Он ҳамчунин ду баробар бештар сабабҳоеро меорад, ки метавонанд ба сабтином шудани нашрия монеъ гарданд. Ҷон Ордвей, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Қазоқистон дар нишасти матбуотие ба дунболи қарори порлумон гуфт, тағйиру иловаҳо ба суди талошҳои ин кишвар барои расидан ба мақоми раисӣ дар САҲА нахоҳад буд. Ба андешаи сафир, ин тағйиру иловаҳо ба рушди озодии матбуот мусоидат намекунанд ва дар ин робита кишварро ба ақиб мепартояд. Он нуктаҳои интиқодии САҲА, ки дар ин пайванд чанде пеш баён шуданд, басо дурусту дақиқанд ва мо комилан ба онҳо мувофиқ ҳастем, гуфт сафир дар нишасти матбуотӣ. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми июн Миклош Ҳараштӣ, САҲА дар масоили расонаҳои хабарӣ аз ин пешниҳод интиқод карда гуфта буд, ки онҳо ба озодии баён дар кишвар садди ҷиддӣ мегузоранд. Ҳараштӣ ҳамчунин аз ҳукумати Қазоқистон фаро хондани ин лоиҳаи қонунро дархост карда буд.
Сафири ИМА дар Қазоқистон дар пайванд ба ҳамкорихои ду кишвар ҳарф зада иброз дошт, ки онҳо хуб идома доранд. Дар мавриди озодии баён ва вазъи он дар Қазоқистон, ба гуфтаи сафир таи солхои тулонӣ дар сатҳи баланди давлати гуфтугузорҳо идома доранд.
Ҷон Ордвей таъкид кард, ки алъон дар мавриди пешниҳодҳои ҳукумат назарҳои мухталиф вуҷуд доранд. Онҳо низ бо созмонҳое, ки бо расонаҳои хабарӣ дар иртибот ҳастанд, сӯҳбату мулоқот доир карданд. Вале ба андешаи Ҷон Ордвей, сафири ИМА дар Қазоқистон он чиз рӯшан аст, ки ин иқдоми ҳукумат ба ноил шудан ба раёсат дар САҲА мусоидат нахоҳад кард. Лозим ба ёдоварист, ки дар мавриди пешниҳоди ҳукумат ба лоиҳаи қонуни матбуот ба ҷуз САҲА ҳамчунин дар кишвар Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон ва ҳизби сиёсии «Асар», ки роҳбарии онро Дариға Назарбоева бар ӯҳда дорад, назари интиқодии хешро баён ва аз парлумон бозпас гирифтани онро талаб карда буданд. Аз ҷумла Дариға Назарбоева гуфтааст, ки бо чунин қонун мо ба ҳама гуна арзишҳо, давлат ва кишвари ҷавони Қазоқистон зарари бузург расонида, дар ин робита гоми бузурге ба ақиб мегузорем.
XS
SM
MD
LG