Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони ИМ ва Иттиҳоди Аврупо нишасти худро "босамар" номиданд


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ва сарони Иттиҳоди Аврупо гуфтушуниди худро дар Вена бонатиҷа ва самаровар унвон карданд. Ин нишаст ҳадаф дошт, пайвандҳои хуби миёни ду тарафро намоиш диҳад, ки пас аз ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба Ироқ дар соли 2003 соядор гашта буд. Нахуствазири Австрия Волфганг Шуссел гуфт, бо вуҷуди он ки ду ҷониб метавонанд дар баъзе ҷиҳатҳо бархӯрди фарқкунанда дошта бошанд, ин тафовут ҳаргиз наметавонад, умқ ва кайфияти ҳамкориро халалдор кунад. Буш ба бунёди як ҷабҳаи муштараки дипломатӣ дар баробари Эрон ишора кард ва гуфт "нишон додани ягонагии Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Русияву Чин дар баробари талоши эрониҳо ба сӯи силоҳи ҳаставӣ хеле муҳим мебошад." Дар нишасти сарон инчунин нигарониҳои Аврупо аз боздоштгоҳи Гуантанамо баррасӣ шуд. Буш дар посух ба ин нигарониҳо гуфт, мехоҳад, ин маҳбасро бубанданд ва маҳбусонро ба кишварҳояшон бифиристад. Дар мавриди Ироқ Буш изҳори эътимод кард, ки ҳукумати нави Ироқ комёб хоҳад шуд, вале афзуд, Иттиҳоди Аврупо дар ин самт бояд кӯмак кунад. Буш нақшаи озмуни мушаки дурпарвози Кореяи Шимолиро "ташвишовар" номид ва гуфт, ин кишвар бояд ӯҳдадории худро тибқи созишнома ба иҷро расонад ва аз чунин аъмол даст кашад.
XS
SM
MD
LG