Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Душанбе наврасонеро масъули таркишҳои ахир мешуморанд


ақ

Масъулони умури интизомии шаҳри Душанбе мегӯянд, таркишҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон кори дасти як гурӯҳи ноболиғон буда ва онҳо ин наврасонро боздошт кардаанд. Сарҳанг Абдураҳмон Тауров, сардори бахши таҳқиқ дар раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар як мулоқот бо хабарнигорон чанде аз ин наврасонро муаррифӣ кард. Вай гуфт, "ин як авбошӣ буда, ба сиёсат дахле надорад." Аммо ба саволи журналистон, ки чаро наврасони 13 то 19-сола даст ба чунин кор, яъне таркишҳои паёпай дар пойтахти кишвар задаанд ва мақсади онҳо чӣ будааст, чизе гуфта натавонист. Ҳамчунин гуфта нашуд, ки чӣ гуна наврасон таркишҳоро дар фосила 20 дақиқа дар маҳалҳои гуногун ва он ҳам дар ҳоле ки нақлиёт муназзам нест, анҷом дода, ба ҳамзамонии онҳо даст ёфтаанд. Оё онҳо аз кӣ дастуру раҳнамоӣ гирифтаанд. Сардори бахши таҳқиқ дар раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе гуфт, наврасон танҳо иҷрогаранд ва онҳоро наметавон ҷинояткор номид. Ҷаноби Тауров гуфт, аммо иҷрогарони таркиш дар назди Ройзании фарҳангии Эрон боздошт нашудаанд. Вай ҳамчунин дар бобати интихоби ҷойҳои муайян барои ин таркишҳо чизе нагуфт. Ёдовар мешавем шаби 15 ба 16-уми июн нахуст дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди Ройзании фарҳангии Эрон, баъд аз 20 дақиқа дар хиёбони Пушкин, дар назди Хазинаи байнулмилалии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва баъдан дар назди ширкати "Вафо" ва бинои Додгоҳ қонуни асосӣ таркишҳо ба амал омада буд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG