Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин бозигарон


CA дар сабқати Ҷоми ҷаҳонии футболи 2006 аз нигоҳи Шумо киҳоянд ва чаро? Оё киҳо ва ба ҳайси кӣ ба дастаи мунтахаби ифтихории ҷаҳон ворид хоҳанд шуд?

Ба назари ман, беҳтарин бозигарон:
Роналдо
Роналдинйо
Кристиан Роналдо
Шевченко
мебошанд.
Далер
---------------------------------------

Ҳамагӣ футболбозони олмониро фаромӯш кардаед, бародарон! Ба назари ман яке аз бехтарин нишонзанхо Клозе, сипас Подолски ва баъд Баллак аз ин даста хоханд буд. Дурандеширо бибинед, ки мураббии ин гурӯҳ Клинсман - Оливер Канн, яке аз беҳтарин дарвозабонҳои ҷаҳониро барои "рӯзи мабодо", (хонда шавад "финал") захира кардааст. Акнун рӯзи 30.06 бозии Олмон ва Аргентинаро мунтазир мемонем, ки ба фикри ман яке аз шавқовартарин бозиҳо хохад буд. Тахминан Олмон бо ҳисоби 2 ба 1 бар дастаи Аргентина ғолиб хоҳад омад. Олмон! Олмон! Олмон! (Ҳа, касе, ки дишаб имкони тамошои бозии Укроин ва Суисро дошт, ба шодии ман шарик шавад: Молодцы, Украина! Так держать!)
Муроди Футболбоз
----------------------------------------

Бо арзи салом ва хаста набошед бар тамоми футбол-дӯстдорони тоҷик. Фикр мекунам ки бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2006 хеле хубтар ва беҳтар аз соли Ҷоми Ҷаҳонии 2002 аст, чун хеле бозиҳо ин бор пур ҳаяҷон ва диданӣ ҳастанд. Мисли ҳамин дирӯз ки Пуртагол бо Ҳолланд бозӣ дошт хеле олӣ буд, ҳарчанд ки хелеҳо аз ҳарду даста корти зард ва сурх гирифтанд ва дар охир 9 нафара бозӣ карданд. Ба фикрам, Роналдо, Роналдинио ва Коко ҳастанд, ки аз як текники хос истифода мекунанд ва ҳамеша тими Бразилро наҷот медиҳанд. Ҳамчунин дар тими Пуртагол Кристиян Роналдо, Мониш ва Фиго ҳастанд ки хеле хуб медурахшанд.
Хуб, барои ҳамаи ҳамватанони хуби худам орзуи муваффақият мекунам дар тамоми корҳояшон.
Бо эҳтироми фаровон, Мирзоев Далер
--------------------------------------

Ба назари ман тими Бразилия барандаи Ҷоми Ҷаҳонии Футбол мешавад.
Далер
--------------------------------------

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳу баракотуҳу.
Ба фикри ман, ки имсол дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ Олмон ё Барзилия ва ҷойи баъдиро Аргентина ё Япония мегиранд. Лекин то ҷое ки ман тамошо кардам, футболи 2006 монанди 2002 хуб нест, намедонам чаро. Вале ман мухлиси дастаи Бразилия ҳастам.
Ва аз бозингарони Бразилия ягонтоашон ранги Роналдо ва Роналдинйо хуб бозӣ намекунанд.
Саломат бошед.
Бачаҷон
---------------------------------------

Лабханди хоси Роналдинйо бо он дандонҳои харгӯшӣ бар ҳунари зебо ва камназири ин ситораи футбол таровати дигаре медиҳад.
Майдонсозӣ (playmaking), ахлоқи хуби варзишӣ, шумулият дар гурӯҳи пурқудрат ва мунсаҷиме чун Бразилиа Роналдинйоро аз дигарон мутамоиз месозад ва шоҳиди ин аст, ки вай тобандатарин чеҳраи Ҷоми ҷаҳонии 2006 дар Олмон хоҳад буд.
Дар зимн аз бозии хуби ҳарду Ронaлдо (бразилӣ ва португалӣ) лаззат мебарам ва умедворам, ки аз ин ҳар се яке беҳтарин бозингари ин сабқат шинохта шавад.

М. Вафо, Исломобод
---------------------------------------
Мӯйсафеди Фигуро фаромӯш кардед, оқои Ҷовидон.

Мухлис
---------------------------------------

Салому алейкум, ҳавасдорони футбол!
Сабқати Ҷоми ҷаҳонӣ бисёр ҳам хуб рафта истодааст. Чӣ тавре ки дар мавзӯъи пешина ман қайд карда будам, боз мегӯям, ки бозигарони беҳтарин инҳо хоҳанд буд:
Роналдинйо (Бразил)
Месси (Аргентина)
Робен (Ҳолланд)
Жерар (Инглис)
Ҳамаи ҳамин бозигарон ғайр аз Роналдинйо бисёр ҳам хуб бозӣ карданд.
Месси, Робен ва Жерар гол ҳам заданд. Илова ба ин Рекюлме ва Ф. Торрес ҳам оянда доранд.
Саломат бошед.
Ҷовидон
XS
SM
MD
LG