Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Минск масъалаи Узбакистон баррасӣ хоҳад шуд


Рӯзи ҷумъаи 23-юми июн дар шаҳри Минск нишасти сарони кишварҳои Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад, ки дар он масъалаи узвияти Узбакистон дар ин ниҳодҳо баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин пайванд ҳукумати Белорус як тарҳеро омода кардааст, ки тибқи он бояд ба хотири узвияти Узбакистон дар маромномаи иттиҳоди АвруОсиё бархе аз тағйирот ворид гардад. Ноиби аввали вазири умури берунаи Русия Андрей Денисов гуфт, "пешниҳодҳои тарафи Белорус ба тағйири сохтори дастгоҳи марказии иттиҳод ва тарзи ташаккули буҷаи он дахл хоҳанд дошт." Вай афзуд, ба ин монанд дигаргуниҳо дар асноди бунёдии Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ ба амал омада, ба шеваи ташкили нирӯҳои муштараки паймон дар Осиёи Марказӣ ва фаъолияти нирӯҳои вокуниши сареъи паймон дар минтақа тасъири муҳим хоҳанд дошт. Тоҷикистон якҷо бо Белорус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиёст. Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ҳоли ҳозир Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро фаро мегирад ва ҳанӯз Узбакистон узви ин ниҳод нест. Бархе аз нашрияҳои Русия навиштаанд, Тоҷикистон мухолифи узвияти беқайдушарти Тошканд дар ин ниҳод аст.
XS
SM
MD
LG