Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои кӯмакрасон: Мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бояд тақвият ёбад


Гурӯҳи кишварҳои кӯмакрасон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ бо интишори як баёнияи дарбаргирандаи пешниҳодоти мушаххас хостори шаффофияти бештар дар наҳваи фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон шудааст. Ин баёния, ки бар асоси омӯзиши Бонки урупоии тавсиа ва бозсохт, Бонки осиёии рушд, Созмони амнияту ҳамкории урупо ва кишварҳои умдаи кӯмакрасони Тоҷикистон аз қабили ИМА, Канада, Чин, Фаронса ва Суису Олмон таҳия ва рӯзи чаҳоршанбеи 21 июн аз сӯи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Баёнияи мазкур аз изҳороти ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар робита ба зарурати тақвияти мубориза алайҳи ришвату фасод ситоиш намудааст. Дар он ибрози умедворӣ шудааст, ки ин иқдом ба навбаи худ метавонад мизони феълии фасоду ришватро дар ҷомеъаи Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш бахшад.
Дар баробари ин дар баёнияи гурӯҳи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таъкид шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини шаффофияти кори ниҳодҳои давлатӣ бояд даст ба иқдомоти муассир бизанад. Ба унвони тавсия дар ин росто аз ҳукумати ин кишвар тақозо шудааст то расман созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созишнома алайҳи шустушӯи пул ва созишнома дар бораи ҳакамияти байналмилалиро бипазирад.
Баёния ба манзури таъмини назорати порлумон аз рӯи фаъолияти додгоҳҳо ҳамчунин баргузории як силсила давраҳои омӯзиширо барои мақомоти додгоҳӣ ва намояндагони порлумон тавсия намудааст.Ҳадафи ин иқдомро баёния ташвиқи додгоҳҳо ба фаъолияти шаффофи ҳирфавӣ номидаст.
XS
SM
MD
LG