Пайвандҳои дастрасӣ

"Пайванд"-ро кӣ бурид ва чаро?


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо таассуф гуфт Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки то кунун дар танҳоӣ ҳаққи ироаи лесензия ё муҷаввиз барои ташкил ва таъсиси телевизион ва радио дар қаламрави кишварро дар ихтиёр дорад, бо ирсоли нома аз масъулини бархе аз телевизионҳои ғайридавлатӣ тақозо кардааст,ки аз тавлид ва пахши барномаҳои муштарак таҳти унвони «Пайванд» худдорӣ кунанд. Дар сурати ғайр гуфта шудааст,дар номаи Кумитаи мазкур алайҳи онҳо аз тадобири ҷазоӣ кор гирифта хоҳад шуд. Ба назари Нуриддин Қаршибоев номаи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар ин маврид асоси ҳуқуқӣ надоштааст ва телевизионҳои ғайридавлатӣ бо онки ҳамагӣ соҳиби муҷаввиз мебошанд ,ин ҳақро доранд,ки дар чаҳорчӯби сооти эфирӣ намоишҳои муштарак тавлид ва пахш кунанд.
Қаршибоев афзуд, ки усули таҳия, тарзи пешкаш ва муҳтавои намоишҳо дар ин барномаи муштараки телевизионҳои ғайридавлатӣ аз барномаҳои шабакаҳои давлатӣ тафовут дорад . Махсусан баҳо ва назари коршиноси мустақил дар мавриди ин ё он ҳодиса ва ё сужаи нашршуда дар интиҳои намоиш ,ки дар шабакаҳои давлатӣ мушоҳида намешавад. Аз сӯи дигар меафзояд раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон пуштибонии молии ин барнома аз тарафи созмони амрикоии Интернюс Нетворк дар Тоҷикистон боиси нороҳатии масъулин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Баракатулло Абулфайзов, сардори бозрасии давлатии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд телевизионҳои ғайридавлатии кишвар бо пахши чунин барномаи муштараки шабакаӣ ба нақзи қонун ва низомномаи муҷаввиз даст задаанд. Ба гуфтаи вай, онҳо мебоист, аввал барои чунин намоиши муштарак як муҷаввизи алоҳида мегирифтанд.
Аммо Ҳабибулло Мақбулов, мудири телевизиони ғайридавлатии «Регар»-и ноҳия Турсунзода иддаои масъули бозрасии Кумитаи телевизион ва радиоро мантиқӣ намеҳисобад. Оқои Мақбулов гуфт барои тавлид, таҳия ва пахши барнома талаби муҷаввиз дуруст нест. Зеро дар сохтани ин барнома танҳо шабакаҳое ширкат кардаанд,ки ҳамагӣ дар даст муҷаввиз доранд.
Дар ҳамин ҳол Иззатманд Саломов-муовини мудири намояндагии созмони амрикоии Интернюс Нетворк, ки тарҳи ин барномаи муштараки телевизионҳои ғайридавлатии кишварро маблағгузорӣ кардааст гуфт онҳо танҳо аз лиҳози фаннӣ барои таҳия ин барнома мусоидат кардаанд на бештар аз ин ва Интернюс Нетворк ҳеҷ гуна мудохила дар мӯҳтаво ва мазмуни ин барномаҳо накардааст ва чунин қасд ҳам надорад. Вале барномаи муштараки шабакаҳои ғайридавлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Пайванд» аз сӯи 8 ширкати ғайридавлатии кишвар бо навбат таҳия мешудааст, ки ба таъйиди масъулини он инъикоси масоили иттиллотӣ ва фарҳангии манотиқи мухталифи кишварро маҳак қарор додааст. Бори аввал ин барнома аз тариқи ТВ «Азия» дар шаҳри Хуҷанд мунташир шудаааст. Ин барнома аз сюжетҳо ва намоишҳои алоҳидаи телевизионҳои ғайридавлатии фаъол дар қаламрави кишвар таҳяи мешудааст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт ба намояндагӣ аз ҳашт шабакаи ғайридавлатии кишвар талош хоҳад кард,то ин то тавлид ва пахши ин барнома идома биёбад. Зеро Тоҷикистон дар арафаи интихоботи раёсатиҷумҳурии кишвар қарор дорад ва манъи нашри чунин барномаҳо дар ин марҳила боиси коҳиши обрӯи кишвар хоҳад шуд.
Лекин Баракатулло Абулфайзов -сардори бозрасии давлатии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт нуқтаи тамматро ба баҳси бархоста ҷаласаи Камиссиюни лисезионӣ хоҳад гузошт, ки қарор аст ба зудтарин фурсат баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG