Пайвандҳои дастрасӣ

RSF аз вазири Русия амнияти журналисти тоҷикро дархост кард


Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Sans Frontieres -RSF - Порис) аз Вазорати корҳои дохилии Русия даъват кард, амнияти журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро, ки ахиран дар Маскав ҳадафи таҳдид қарор гирифтааст, таъмин кунад. Ба изҳороти ин созмон, шахсе ба шумораҳои телефони ҳамроҳи сардабири "Чароғи рӯз" ва телефони коргоҳи ӯ занг задаву бо гӯиши олами ҷиноии минтақаи Маскав ба ӯ мегӯяд, ки "дамашро бигирад", вагарна дар ҳоли идома додани нашри мақолаҳо ба сазояш хоҳад расид. Ҳамчунин марде дари манзили ҷаноби Атовуллоро кӯфтааст ва аммо аз муаррифии худ саркашӣ кардааст. Сардабири "Чароғи рӯз" ин рӯйдодҳоро ба ду шумораи ахири нашрия ва достоне бо интиқоди шадид аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бастагӣ медиҳад. Аннабелла Арки, намояндаи RSF ба радиои Озодӣ гуфт, "Мо дар бобати амнияти Атовулло нигаронӣ дорем ва ин таҳдидҳоро ҷиддӣ мегирем, чунки бепаноҳии Додоҷони Атовулло ҳолати вижа дорад, зеро ӯ сарони кишвари худ ва равобити онҳоро бо мақомоти Русия зери танқид мегирад ва ин бори аввал нест, ки ӯ зери фишору таъқиб меафтад ва бисёр журналистон дар Русия дар гузашта кушта шудаву қотилони онҳо беҷазо мондаанд." Зимни ин RSF аз вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев даъват кардааст, "ҳама кори мумкинро дар таъмини амнияти Атовулло ба ҷо орад. Дар акси ҳол вай маҷбур мешавад, на дар Русия, балки кишвари дигаре паноҳ ҷӯяд."
XS
SM
MD
LG