Пайвандҳои дастрасӣ

Даври севвуми бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол оғоз ёфт


Рӯзи сешанбе дар Олмон даври севвум ва ниҳоии марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол бо 4 бозӣ дар гурӯҳҳои А ва В оғоз ёфт. Дар гурӯҳи А тими Олмон тавассути 2 тӯби задаи Мирослав Клозе ва 1 голи Лукас Подолски тими Эквадорро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод ва бо 9 имтиёз мақоми аввалро дар ҷадвали гурӯҳ ба даст овард. Тими Эквадор бо 6 имтиёз мақоми дуввуми ин ҷадвалро касб карда, низ ба давраи ҳаштякниҳоии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Тими Лаҳистон (Полша) дар бозии ниҳоияш Коста-Рикаро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карда, бо 3 имтиёз соҳиби ҷойи севвум шуд. Аммо Коста-Рика, ки ҳар се рақобатшро дар ин гурӯҳ бохтааст, бидуни имтиёз дар мақоми охири ҷадвали гурӯҳи А боқӣ монд.

Дар гурӯҳи В 2 роҳхатро ба марҳалаи баъдӣ тимҳои Инглистон ва Суид (Шветсия), ки бозии худро бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом доданд, ба даст оварданд. Инглистон ба ин тартиб, бо 7 имтиёз дар мақоми аввал ва Суид бо 5 имтиёз дар зинаи дуввуми ҷадвали гурӯҳи В ҷой гирифтанд. Тими Парагвай, ки дар бозии ниҳоӣ дастаи Тринидад ва Тобагоро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб кард, бо 4 имтиёз соҳиби ҷойи севвум шуд. Тринидад ва Тобаго бо 1 имтиёз дар гурӯҳи В ҷойи 4-умро гирифт.

Ба ин тартиб, рӯзи шанбеву якшанбеи ин ҳафта дар нахустин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ тими Инглистон бо Эквадор ва Олмон бо Суид вориди рақобат хоҳанд шуд. Тимҳои Лаҳистон, Коста-Рика, Парагвай ва Тринидад ва Тобаго ҳамин тавр аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуда, акнун бо Олмон ва бо Ҷоми Ҷаҳонии футбол падруд мегӯянд.
XS
SM
MD
LG