Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Эрон трактор истеҳсол мекунанд.


Бино ба иттилоъи Вазорати саноати Тоҷикистон қарор аст то як моҳи дигар дар шаҳри Душанбе як корхонаи муштараки тракторбарорӣ оғоз ба фаъолият намояд. Тафоҳумномаи ниҳоӣ дар мавриди бунёди ин корхона сешанбеи 20 июн дар шаҳри Душанбе тавассути вазорати саноати Тоҷикистон ва корхонаи тракторбарории
шаҳри Табризи Ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расид.
Бар асоси ин тафоҳумнома 51 дарсади саҳмияи корхонаи муштараки тракторбарорӣ ба ҷониби Эрон ва 49 дар сади дигари он ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад. Дар чаҳорчӯби ин тафоҳумнома Эрон эълом доштааст ҷиҳати эҳдоси корхонаи муштараки тракторбарорӣ дар маҷмӯъ 10 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад. Зайд Саидов вазири саноати Тоҷикистон гуфтааст корхонаи мавриди назар дар заминаи корхонаи пешини «Тоҷикагрегат» фаъол мегардад ва зарфияти тавлидотии он дар марҳалаи аввал баробар ба 500 адад трактор хоҳад буд, вале то охири сол дар назар аст дар корхонаи мазкур то 1000 адад трактор тавлид гардад. Масъулини бунёди корхонаи муштараки тракторбарорӣ мегӯянд мавриди истифода қарор гирифтани тракторҳои эронӣ дар Тоҷикистон аз чанд лиҳоз барои бахши кишоварзии ин кишвар муфид хоҳад буд. Ба гуфтаи онҳо арзиши ин тракторҳо ҳудудан 11-12 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар қиёс бо тракторҳои белорусиву чинӣ қимати онҳо мутаносибан 2-3 ҳазор доллар пойинтар аст. Ҳамчунин гуфта мешавад давраи замонати ин тракторҳо се солро дар бар хоҳад гирифт.
Бар пояи маълумоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар бахшҳои мухталифи кишоварзии ин кишвар беш аз 10 ҳазор адад техника ва тракторҳои гуногун мавриди истифода қарор дорад.Ин дар ҳолест, ки мутобиқи омори ҳамин манбаъ барои таъмини пурраи бахши кишоварзии Тоҷикистон бо техникаи зарурӣ феълан ин кишвар ба беш аз 30 ҳазор адад техникаи корӣ, аз ҷумла тракторҳои нав эҳтиёҷ дорад.
XS
SM
MD
LG