Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

200 ҳазор доллар барои тармими осорхонаи Кӯлоб


Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бунёди осорхонаи нав дар Шаҳри Кӯлоб 200 000 доллари амрикоӣ ҷудо кард.
Бино ба иттилоъи Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо ин маблағ осорхонаи Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ тармими ҷиддӣ дида, ба осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва этнографӣ табдил меёбад:
«Ҷониби Ирон барои таъмири Осорхонаи Саид мир Алии Ҳамадонӣ 200000 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Корҳои таъмиру тармим бар дӯши муҳандисин ва устоҳои маҳаллӣ аст».
Музаффар Азизӣ, сардори бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, осорхонаи мазбур бузургтарин осорхона дар кишвар хоҳад шуд:
«Ин бузургтарин осорхона мегардад. Ал-он мо беш аз 2000 нигораи таърихӣ дорем ва анҷоми кори устоҳоро интизорем, то экспонатҳоро ба Кӯлоб бурда гузорем».
Ҳамзамон аз осорхонаҳои марказӣ ба осорхонаи нав нигораҳои таърихӣ ва меъморӣ кӯч мебандад.
Гулчеҳра Нӯъмонова, раиси осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзоди шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳамакнун 40 лавҳаи мусаввирони тоҷик аз маъхази онҳо ба осорхонаи ҷадид меравад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони Кӯлоб ва бархе аз кормандони осорхона, ки номи худро фош накарданд, бунёди Осорхона ба дарди онҳо намехӯрад.
Мусоҳибони гуфтанд: «хуб мебуд, ки аз ҳисоби ин маблағ маъоши кормандони музейро баланд мекарданд. Зеро бо маъоши кам ҳатто дар бузургтарин ва зеботарин Кох ҳам касе кор нахоҳад кард».
Мусоҳиби дигари ман афзуд: «як бор ба худ суол кардед, ки чаро биноҳоро тармим мекунанд дар Кӯлоб, бо шумули ҳамин осорхона, вале аз бунёд намесозанд? Бо 200000 доллар метавон осорхонаро аз дигар сохт! Намесозанд, зеро аз ҳисоби тармими саридастӣ маблағҳоро ба кисаи худ задан осонтар аст».
Ва дар мавриде, ки моҳонаи кӯчак, адами маблағ барои ҳафриёти ҷадид, норасоӣ дар самти пажӯҳиши бостоншиносон, набуди назари нав дар баррасии таърихи миллӣ сабаби дилсардии кормандони осорхонаву таърихнигорон дар минтақа будаанд, нигораҳое, ки қаблан аз ҳафриёти Ҳулбук, Данғара, Кохи Золи Зар ва Чармгарони Пойин дарёфт шудааст, аз маъхази музейҳои кишваршиносӣ ба осорхонаи ҷадид кӯч мебандад.
Сайёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG