Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Узбакистон чи роҳеро мепаймоянд?


Брус Панниер Сарфи назар аз имзои санадҳои дӯстиву ҳамкории абадӣ аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то кунун равобити миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳамчунон ба сардӣ гароидааст. Моҳи равон мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки се нафарро ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд. Аз сӯи дигар, Узбакистон Тоҷикистонро муттаҳам кард, ки вазъияти амниятӣ дар марзи миёни ду кишварро ба ҳам задааст. Дар гуфтугӯе, ки бо Ҷон Мак Лауд, дабири аршади Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, воқеъ дар Ландан доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, ки чаро ин масоил ҳоло матраҳ мешавад.

Мак Лауд: Воқеъан хеле сахт аст ба ин пурсиш посух дод, ки чаро ин иттифоқ ҳоло меуфтад. Зеро ҳич як аз ин мушкилот тоза нест. Мушкили минҳои зиддинафар чандин сол аст, ки бар равобити байни ду кишвар соя афкандааст. Узбакҳо мегӯянд, ки то кунун бештари минҳоро хунсо кардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи тоҷикҳо, ин мушкил ҳанӯз бар сари ҷои худ боқист. Ва боздошти афроде ба унвони ҷосусони Узбакистон дар Тоҷикистон низ намоёнгари равобити бади байни ду кишвар аст. Ва иддаъоҳое ҳам матраҳ шудааст, ки сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дубора дар Узбакистон фаъъол шудааст. Албатта, маълум нест, ки иттилоъ то чи андоза дақиқ аст. Бо нигоҳе амиқтар ба ин мавзӯъ метавон дарёфт, ки давлати Тоҷикистон дар ҳоли ошкортар кардани мушкилоти худ бо Узбакистон аст. Дар гузашта ин Узбакистон буд, ки дар бораи мушкилоти мухталифи диплумотики худ бо Душанбе ба таври ошкору аланӣ суҳбат мекард. Барои ман иқдоми Душанбе то андозае мармуз аст, зеро ҳич омили беруние мушоҳида намешавад, ки Душанберо ба эъломи дидгоҳҳое алайҳи Узбакистон таҳрик кунад. Шояд ин талошҳо бо интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон иртиботе дошта бошад. Ва аммо аз мушоҳидаи авзоъ чунин барнамеояд, ки давлати Узбакистон хеле хостори халал ворид кардан дар интихоботи Тоҷикистон бошад.

РО: Вале ҳоло Узбакистон дар ҳоли пайвастан ба гурӯҳҳову созмонҳои минтақаист, ки Тоҷикистон дар онҳо аз пеш узвият доштааст. Оё ин ба беҳбуди равобити миёни ду кишвар нахоҳад анҷомид?

Мак Лауд: Ин нукта равшан аст, ки Тоҷикистон метавонад аз узвияти Узбакистон дар ин созмонҳо баҳра бибарад ва бо истифода аз созукор ё меконисми ин созмонҳо тавассути дигар аъзои ин гурӯҳҳо бар давлати Узбакистон фишор ворид кунад. Аммо ба назар намерасад, ки ин иттифоқ биуфтад, зеро узвияти Узбакистон ба хусус дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бештар марбут ба масоили бузургтари жеупулитик аст. Агар Русия бихоҳад Узбакистонро канори худ дошта бошад, то он ҷо ки ба суди манофеъи худаш ва минтақа бошад, ҳатман ин корро хоҳад кард ва мушкилоти мудовими Тоҷикистон бо Узбакистон рӯи бархурди Русия бо Узбакистон таъсири ночизе хоҳад гузошт. Чунки равобити Русия бо Узбакистон дар бархе аз заминаҳо муҳимтар аст. Мусалламан, Русия ҳамкори калидии Тоҷикистон буда ва ҳаст ва ҳамеша аз давлати Тоҷикистон ҳимоят кардааст. Масалан, соли 1998 вақте ки сарҳанг Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон ҳамла кард ва гуфта мешавад, ки аз ҳимояти Тошканд бархурдор буд, Русия барои дафъи он ҳамла ба нирӯҳои давлатии Тоҷикистон кумак кард. Аммо пайвастани Узбакистон ба созмонҳо ва гурӯҳҳои минтақаӣ як бозии бузургтар аст, ки масоили кӯчактарро таҳтушшуъоъ қарор медиҳад.

РО: Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкилот, дурнамои равобити Тоҷикистону Узбакистонро чи гуна арзёбӣ мекунед?

Мак Лауд: Байни Узбакистону Тоҷикистон мушкилоте ҳам ҳаст, ки ҷанбаи торихӣ дорад. Узбакистон дорои сарзамин ва ҷамъияти бузургтар аст ва бахшҳое аз Тоҷикистон бо Узбакистон пешинаи қавмии муштарак дорад, аммо бародарзодаи фақиртари Узбакистон аст. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон оберо дар ихтиёр дорад, ки мояи ҳаёти мардуми Узбакистон аст. Бад-ин гуна, гузаштаи муштараки байни ду кишвар заминаро барои низоъҳои билқувваи бештар фароҳам мекунад, то наздикии бештар. Ва мутаассифона, ин ҳолат то замоне идома хоҳад дошт, ки давлатҳои ҳар ду кишвар беҳбуд ёбанд ва бо якдигар бархурде мутамаддинона дошта бошанд. Дар ғайри ин сурат, мушкилоти марбут ба шӯришиҳо, манобеъи энержӣ ва об ҳамвора бар фарози равобити миёни ду кишвар ҳоил хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG