Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Того 0; Суис 2


Дар нахустин бозии имрӯз дар Ҷоми Ҷаҳонии футбол тими миллии Суис (Швейтсария) бо ҳисоби 2 бар ҳич бар рақиби худ аз Того пирӯз шуд. Тӯби нахустро Алекс Фрей дар дақиқаи 17 вориди дарвозаи Того кард ва дақоиқе монда ба поёни бозӣ голи дуввуми Суис низ тавассути Транкилло Барнетта дарвозаи Тогоро боз кард. Тайи ду-се дақиқаи боқимондаи бозӣ бозикунони Того бо шитоби бештар талош карданд, ки лаёқати худро собит созанд. Аммо дигар дер шуда буд ва ҳисоб бидуни тағйир боқӣ монд. Бад-ин гуна тими Суис бо 4 имтиёз дар садри ҷадвали G нишаст ва Того бо майдонҳои пурғулғулаи Ҷоми Ҷаҳонии Олмон худоҳофизӣ кард.
XS
SM
MD
LG