Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Душанбе намояндагии тиҷорӣ таъсис дод


Бо афроштани парчам ва пахши суруди миллии Русия рӯзи 19 июн дар шаҳри Душанбе дафтари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Ин барои нахустин бор аст, ки Русия намояндагии тиҷории худро ба шакли густурдаву комил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боз мекунад. Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки бозгушоии дафтари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон намоёнгари он аст, ки ин кишвар дар густураи минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳкими равобити бозаргонию иқтисодии худ бо Тоҷикистон аҳамияти вижа медиҳад. Ӯ афзуд, ин дар ҳолест, ки Русия дар иҷрои тарҳҳои феълии стротежики иқтисодии Тоҷикистон, ба хусус сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун ва Сангтуда-1 амалан ширкат дорад. Бино бар омори расмӣ, дар нимаи аввали ҳамин сол ҳаҷми табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар афзоиш ёфтааст. Мақомоти масъули Тоҷикистону Русия бар ин боваранд, ки бо роҳандозии намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон мизони табодули тиҷорӣ ва дар маҷмӯъ равобити иқтисодии байни ду кишвар афзоиши бештар хоҳад ёфт. Лариса Кислякова, муъовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, имрӯз 101 ширкати муштарак миёни ду кишвар фаъъол аст. Тоҷикистон бо Русия 188 тавофуқномаи ҳамкорӣ дорад. Тоҷикистон бо ҳеч кишвари дигари ҷаҳон ин ҳама тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо накардааст. Ҳаштод санад аз ҷумлаи ин аснод ба масоили сирфан иқтисодӣ ихтисос дорад.
XS
SM
MD
LG