Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеъи пешсафон тағйир наёфтааст


Дар даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ « Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Ориёно»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд. «Хима»-и Душанбе дар майдони худ CSKA- и Душанберо бо натиҷаи 4 бар 2 шикаст дод. Саройкамар»-и Панҷ бар тими меҳмон - СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Вале натоиҷи ин бозиҳо мавқеъи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. «Парвоз» бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 22 имтиёз дар мақоми дуввум қарор дорад. «Хима»-и Душанбе бо 20 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунад. Ва аммо «Регар» ТадАЗ ва «Хима» се бозӣ камтар анҷом додаанд. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз», ки нӯҳ гол задааст, дар ҳамин ҳол беҳтарин нишонзани мусобиқот маҳсуб мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 19 июн :
1. «Парвоз» 11 бозӣ 25 имтиёз
2. «Регар» ТадАЗ 8 22
3. «Хима» 8 20
4. СSKA 8 15
5. «Хуҷанд» 11 15
6. «Саройкамар» 9 11
7. «Тоҷиктелеком» 8 10
8. «Вахш» 5 9
9. «О.Каримзод» 11 9
10. СКА «Помир» 9 5
11. «Ориёно» 9 5
12. «Динамо» 9 3
XS
SM
MD
LG