Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Толибон 30 тани дигарро дар Афғонистон куштанд"


Афроди мазнун ба узвият дар ҷунбиши толибон дар вилояти Ҳилманд воқеъ дар ҷануби Афғонистон дастикам 30 нафарро куштаанд. Додмуҳаммад Хон, узви маҷлиси Афғонистон гуфт, ки ду ҳамлаи рӯзи якшанбе (18 июн) ин ҳама кушта баҷо гузошт. Вай гуфт, бештари қурбониёни ҳамалот аз дӯстону бастагони ӯ будаанд. Дар ҳамлаи нахуст панҷ тан, аз ҷумла Ҷумъа Гул - раиси пешини минтақа ва 4 муҳофизи вай кушта шуданд. Боқимондаи афрод замоне кушта шуданд, ки талош мекарданд ҷасади Ҷумъа Гулро пайдо кунанд. Бародар ва бародарзодаи Ҷумъа Гул низ дар миёни қурбониёни ҳамлаанд. Ин ҳамлаҳо бо фосилаи кӯтоҳе аз якдигар дар шоҳроҳи миёни минтақаҳои Сангин ва Гиришки вилояти Ҳилманд рух доданд.
XS
SM
MD
LG