Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон як эътилофи расонаӣ таъсис ёфт


Се гурӯҳи матбуъотии мустақилли Тоҷикистон як эътилофи воҳиди расонаӣ бо номи «Ҳамкорӣ барои рушди демократия»-ро таъсис додаанд. Ин эътилоф дар пайи даст ёфтан ба тавофуқ миёни се ниҳоди мустақилли расонаии Тоҷикистон - МАТ - Иттиҳоди васоили ахбори мустақил, НАНСМИТ- Анҷумани расонаҳои хабарии мустақил ва ТоҷАНЕСМИ- Анҷумани васоити ахбори мустақилли электроники Тоҷикистон ташкил шуд. Ташвиқи ҳамкории муштарак миёни расонаҳои гурӯҳӣ ва ниҳодҳои давлатӣ, таҳким ва ба ҳам овардани маҳофили матбуъотии Тоҷикистон, дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва мусоъидат ба фаъъолияти расонаҳоии хабарии ин кишвар дар ҳалли масоили матбуъотӣ аз ҳадафҳои умдаи эътилофи тозатаъсиси «Ҳамкорӣ барои рушди демократия» эълом шудааст. Гуфта мешавад, поягузорони эътилофи "Ҳамкорӣ барои рушди демократия» қасд доранд ҳамчунин ба манзури ҳамоҳангсозии равобити миёни мақомоти давлатӣ ва маҳофили матбуъотӣ ниҳоди вижаи ҷудогонаеро низ ташкил бидиҳанд. Дар назар аст ба ин ниҳод намояндагони мақомоти давлатӣ, анҷуманҳои расонаӣ ва васоити ахбори мустақили Тоҷикистон бипайванданд.
XS
SM
MD
LG