Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кай "Нақби уштур" мавриди истифода қарор мегирад?


Орзуву умеди мардуми ҷумҳурӣ дар бораи ифтитоҳ ёфтани нақби уштур-тунеле, ки қисмати шимолии Тоҷикистонро бо маркази кишвар пайваст хоҳад кард, ҳамоно урзуву умед боқӣ мондааст ва тавре ба назар мерасад, барои такмили сохтмон ва оғози рафтуомади доимии заминӣ ба воситаи тунел ҳоло вақти муайяне зарур аст.
Ахиран хабарнигори нашрияи Азия Плюс Лилия Гайсина аз мавзеи сохтмони нақб боздид ба амал оварда, дар мақолааш дар шумораи ахири ин ҳафтанома навиштааст, ки сохтмончиён кӯҳро шикоф карда, як тунел барои рафтуомади мошинҳо ва як тунели дигар барои симҳои интиқоли нерӯи барқу мухобирот бунёд намудаанд.
Аз Лилия Гайсина, ки чанд рӯз пеш "Нақби уштур"-ро аз дохил тамошо кардааст, мепурсам, оё ҳадди ақалл одам пои пиёда метавонад аз як тарафи тунел ба он тараф убур намояд:

" Одамон аз як тараф ба тарафи дигар гузашта метавонанд, зеро кори кӯҳканҳо ба анҷом расида, дарвозаи шимолӣ боз шудааст. Масъала ин ҷост, ки рафтуомад дар дохили тунел бехатар нест. Тунел на девор дораду на шифт. Ҳар лаҳза мардуми дохили тунел метавонанд зери сангпораҳо монанд. Аз ин рӯ дар дохили он фақат мошинҳои корӣ рфатуомад доранд. Мошинҳои мардумро ба тунел роҳ намедиҳанд."

Лилия Гайсина бо такя ба иттилои Соатмурод Дӯстмуродов раиси сохтмони тунели Анзоб ё худ "Нақби уштур" иброз менамояд, ки ҳафтаи равон фарши тунел такмил хоҳад ёфт. Дар 300 метри боқимонда ибтидо то 80 сантиметр бетон мерезанду сипас онро асфалтпӯш мекунанд. Баъд аз он сохтмочиён девору шифтро бетон хоҳанд кард.
Ба ҳар ҳол такмили сохтмон ду дафъа таъхир ёфт. Ибтидо мегуфтанд, ки дар иди Наврӯз роҳ боз хоҳад шуд. Баъд овозаҳо зиёд буданд, ки моҳи июн тунел мавриди истифода қарор мегирад. Сабаби таъхир чист?
Лилия Гайсина мегӯяд, ки аз нуқтаи назари таъминот ва дастрасӣ ба маводи ниёз сохтмончиён камбуде эҳсос намекунанд.
Ӯ меафзояд:
"Ба қавли онҳо мушкилӣ ин ҷост, ки қишри кӯҳ мустақҳкам нест ва доимо хатари рехтани сангпораҳо вуҷуд дорад. Ба гуфти онҳо дар масъалаи таъмини пулӣ онҳо ҳеҷ норасоие эҳсос намекунанд".

Солҳои охир сангу селоб борҳо роҳи мошингард аз шаҳри Душанбе ба Анзобро бо хасорот мувоҷеҳ карда буд. Баъзе қисматҳои роҳро муваққатан барқарор намуданд, вале ба ваҷҳи умум роҳ ҳамоно ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Танҳо такмили тунел шояд кофӣ набошад.
Дар ин бора Лилия Гайсина мегӯяд:

"Роҳ ба Анзоб ҳамоно дар ҳоли риққатовар аст. Онҳо мегӯянд, ки баъди такмили "Нақби уштур" дар тӯли роҳи мошингард ба вижа дар мавзеъҳои хатарнок галерея ё худ толорҳо бунёд мекунанд. Дар роҳи Анзоб ба 37 мавзеъ селу сангрез таҳдид мекунад. Ин ваъдаест, ки дар оянда иҷро хоҳад шуд. Ҳозир ҳеҷ дигаргуние нест ва роҳ дар ҳамон ҳоли пештарааш мебошад. "

Дар ҳамин ҳол аксари сохтмончиёни нақб дар сӯҳбат бо хабарнигори Азия Плюс гуфтаанд, аз шароити кор ва маоше, ки барои онҳо ширкати эронии масъули сохтмони нақб муқаррар кардааст, розӣ мебошанд.
Рӯзи панҷшанбе сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон эълон кард, ки ин кишвар сохтмони тунел дар гарданаи Шар-Шарро бар ӯҳда мегирад. Ба қавли кормандони сафорати Чин ҳукумати ин кишвар нархи ин тунелро ба 40 миллион доллар баробар дониста, барои интихоби ширкати масъули сохтмон озмун ё худ тендер эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG