Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ситоди пеш аз интихоботии ҲНИТ


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) барои омодагӣ ва ширкат дар корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар Ситоди тадорукоти қабл аз интихоботӣ ташкил додааст. Муҳиддин Кабирӣ -муовини аввали раиси ҲНИТ гуфт, ҳарчанд ҳанӯз корзори интихоботӣ расман оғоз нашудааст, вале ин ҳизб қасд дорад бо ташкили Ситоди тадорукотӣ ба интихобот омодагии беҳтаре бибинад: «Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои нозирон, аъзои ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва инчунин ҷобаҷогузории кадрҳо дар маҳалҳо. Аз ҳамин лиҳоз тасмими ташкили як ситод гирифта шуд.» Кабирӣ афзуд ташкили ин ситод барои Ҳизби наҳзати исломӣ таҷрибаи нав нест ва дар интихоботи порлумонии ахири кишвар низ як чунин ситод фаъолият мекард. Вай гуфт, ки яке аз вазоифи аслии ин cитод омӯзиш додани нозирони интихоботӣ хоҳад буд ва ин ҳизб тасмим гирифтааст ба се ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ дар саросари кишвар сетоӣ нозир бифиристад. Ҷалби сармоя барои ширкати ҲНИТ дар интихобот низ аз дигар масъулиятҳои ситод унвон мешавад: « Ин ҳам яке аз вазифаҳои ситод аст то роҳҳои ҷамъоварии маблағ ва сарчашмаҳои онро барои маъракаи интихоботии ҳизб маълум кунад»
Муовини аввали раиси ҲНИТ аз ҳаҷми дақиқи маблағи ҷамъоваришуда барои интихоботи парлумонии кишвар изҳори ноогоҳӣ кард, вале гуфт, ки бештари хароҷоти ҳизб дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ аз ҳамон маблағи хайрия пардохт шудааст. Кабирӣ ишора кард, ки вазъи молии ҲНИТ дар муқоиса бо дигар аҳзоби сиёсии кишвар, албатта, ба истиснои Ҳизби ҳокими халқи-демократӣ, беҳтар будааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойизи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд ва ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар ҷиҳати ширкат дар он изҳори омодагӣ кардаанд. Аммо то кунун ҳеҷ як аз ин аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла мухолифони давлат, аз таъсиси эътилофи мушаххасе дам назадаанд ва мавзӯъи пешбарии номзади воҳид ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ матраҳ нест. То кунун ҳар як аз ин ҳизбҳои сиёсӣ гуфтаанд, ки бо номзади худ вориди рақобатҳои интихоботӣ хоҳанд шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG