Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти муҳоҷири кории тоҷик дар сохтмони Маскав


Намояндаи додситонии Маскав гуфт, ин ҳодиса дар маҳалли сохтмони маркази тиҷоратии Москва –Ситӣ рух додааст. Сергей Марченко ҳамчунин хабар дод, ки додситонии ноҳияи Пресненск дар робита бо фавти шаҳрванди Тоҷикистон масъалаи риоя шудан ё нашудани чораҳои бехатарӣ дар сохтмонро тафтиш мекунад. Намояндаи додситонии Маскав аз зикри ному насаби ҳалокшуда ва дигар ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кард.
Маъмулан дар робита бо ҳодисаҳои ҳалокати муҳоҷирон дар сохтмонҳо ё корхонаҳои Маскав додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунад, вале аз маъмурони корхонаҳо ҳануз касе барои ҳалокати муҳоҷирини кории тоҷик ҷавоб нагуфтааст. Райиси созмони Тоҷик-диаспора Кароматуло Шарифов, ки ин равандро пайгирӣ кардааст, мегуяд, тайи ним соли ахир 26 нафар муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар сохтмонҳо ва бозорҳои шаҳру вилояти Маскав ҳалок шудаанд, вале мақомоти тафтишот танҳо бо қазияҳои истифодаи ғайриқонунӣ аз барқ ва муроъот нашудани чораҳои бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, баъдтар онҳоро бастаанд, ҳеҷ кас аз корфармоён, ки масъули таъмини чораҳои бехатарии коргарон ҳастанд, дар маҳкама ҷавоб нагуфтаанд. Ба эътиқоди Шарифов, яке аз сабабҳои асосӣ бапарвоии мақомоти тафтишотии Руссия ба сарнавишти муҳоҷирини кории тоҷик ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳамкории раҳбурдии худ таъмини амнияти муҳоҷирини кории худро тақозо намекунад. Бино ба омори созмони Тоҷик-диаспора таий шаш моҳи соли 2006 дар шаҳру вилояти Маскав 73 шаҳрванди Тоҷикистон фавт кардааст. 12 нафари онҳо кушта шудаанд. 27 нафар дар сохтмонҳо ба ҳалокат расидаанд, вале ҳеҷ кас барои ҳалокати онҳо ҷавоб нагуфтааст. Дар ҳамин ҳол, додситонии шаҳри Маскав дар робита бо ҳалокати ҷавони бистсолаи тоҷик дар сохтмони бинои Маскав-Сити ба тафтиши чораҳои бехатарии сохтмон иктифо кардааст.
XS
SM
MD
LG