Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирузии варзишгарони тоҷик дар Тошканду Бишкек


Бино ба иттилоъи Ғайрат Неъматов-сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 73 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Галина Митяева дар ин навъи рақобатҳо миёни занон бо натиҷаи 49 метру 79 сантиметр дар мақоми дуввум қарор гирифт. Гурзандоз Баҳодур Сафаров бо натиҷаи 55 метру 6 сантиметр ҷойи севвумро ишғол намуд. Шокирҷон Ирматов дар роҳпаймоии варзишӣ ба масофаи 20 километр бо натиҷаи 1 соату 42 дақиқаю 3 сония ҷойи аввалро гирифт. Муҳиддин Фахриддинов, ки аз ғолиб чаҳор дақиқаву 29 сония дертар ба марра расид, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ғайрат Неъматов ҳамчунин ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи Татяна Колпакова-қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварданд. Нозимҷон Ирматов дар давидан ба масофаи 3 ҳазор метр бо натиҷаи 9 дақиқаю 38,81 сония мақоми аввалро касб кард. Галина Митяева дар гурзандозӣ бо натиҷаи 50 метру 38 сантиметр барандаи мусобиқот шуд. Алишер Эшбеков дар рақобатҳои гурзандозӣ байни мардон бо натиҷаи 49 метру 25 сантиметр бо медали нуқра сарфароз шуд.
XS
SM
MD
LG