Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Парвоз»


Даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард. Бо чунин натиҷа тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон - « Олими Каримзод»-и Мастчоҳ ғолиб омад. SСКА- Душанбе дар майдони худ «Динамо»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Вале натоиҷи ин бозиҳо мавқеъи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. «Парвоз» бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 19 имтиёз дар мақоми дуввум қарор дорад. «Хима»-и Душанбе бо 17 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунад. Ва аммо «Регар» ТадАЗ ва «Хима» чаҳор бозӣ камтар анҷом додаанд. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз», ки ҳашт гол задааст, дар ҳамин ҳол беҳтарин нишонзани мусобиқот маҳсуб мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 15июн
1. «Парвоз» 11 бозӣ 25 имтиёз
2. «Регар» ТадАЗ 7 19
3. «Хима» 7 17
4. СSKA 7 15
5. «Хуҷанд» 11 15
6. «Тоҷиктелеком» 8 10
7. «Вахш» 5 9
8. «О.Каримзод» 11 9
9. «Саройкамар» 8 8
10. «Ориёно» 8 5
11. СКА «Помир» 8 5
12. «Динамо» 9 3
XS
SM
MD
LG