Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов 60 сола шуд


Воқиан, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай, ҳамчунин қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (1973-1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи тимҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст. Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Хидматҳои шоёни Саидмӯъмин Раҳимов соли 2004 бо ордени Федеротсиюни байналмилалии самбо қадрдонӣ шудааст. Вай феълан раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон мебошад.

Он кӣ бинад шасти умрашро ба дунёи мурод,
Моҳии тилло ба шаст орад зи дунёи мурод.
XS
SM
MD
LG