Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашумин нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонҳай


Дар толори ҷаласаҳои байнулмилалии "Садаф"-и шаҳри Шонҳайи Чин мулоқоти президентҳои Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барпо гардид. Раиси Ҷумҳурии халқии Чин Ҳу Дзинтао ҷаласаро боз кард ва дастурикори нишастро эълом дошт. Дар ҷаласа, ки ба панҷумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай (СҲШ) бахшида шуд, дастовардҳо ва дурнамои ин ниҳод баррасӣ шуд. Ҳамчунин номгӯйи асноди нав барои имзои сарони кишварҳо ва номзадҳои мақомоти доимамалкунандаи созмон пешниҳод шуданд. Ҳу Дзинтао раёсати даврии СҲШ-ро ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тақдим кард. Пас аз якуним соати оғози нишаст, президентҳои Эрон, Муғулистон, Покистон ва Афғонистон ва ҳамчунин вазири инержии Ҳиндустон ба мулоқот ҳамроҳ шуданд. Ин кишварҳо дар СҲШ мақоми нозирро соҳибанд. Сарони кишварҳо дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамлу нақл ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон табодули афкор карданд. Дар арафаи нишаст раҳбари Чин Ҳу Дзинтао ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов созишномаи бунёди як шоҳроҳи минтақавиро имзо карданд.
XS
SM
MD
LG