Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин натоиҷи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006


Дар панҷ рӯзи Ҷоми ҷаҳонии футбол 14 бозӣ дар 7 гурӯҳ баргузор шудааст. Дар 12 дидор яке аз тимҳо пирӯз гашта 2 бозӣ бо натоиҷи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфтааст. Ҳамагӣ 31 тӯб зада шудааст, ки аз ҳама бештар - 4 гол ба тими мизбон - Олмон мутааллиқ аст. Чаҳор бозӣ бо натиҷаи маъмули 1 бар 0 ба поён расидааст. Панҷ бозигар Браво (Мексика), Ванчопе (Коста-Рика), Клозе (Олмон), Кэйхилл (Австралия) ва Роситски (Ҷумҳурии Чех) дуголӣ ба самар расондаанд. 14 июн бо рақобати дастаҳои гурӯҳи «Н» даври аввали мусобиқот ба анҷом расида, ҳамзамон даври дуввуми бозиҳои гурӯҳӣ бо дидори тимҳои гурӯҳи «А» - Олмон ва Полша шурӯъ мешавад.
Гурӯҳи «А»


Олмон - Коста-Рика - 4 : 2 (Лам, 6, Клозе, 17,61, Фрингс,87 - Ванчопе, 12, 73)
Полша - Эквадор - 0 : 2 (К.Тенорио, 24, Делгадо,80)
1. Олмон - 3 имтиёз ( 1 бозӣ). 2. Эквадор - 3 (1). 3. Коста - Рика - 0 (1). 4.Полша -0 (1).


Гурӯҳи «В»


Англия - Парагвай - 1 : 0 (Гамарра, 4 ба дарвозаи худ)
Тринидад ва Тобаго - Шветсия - 0 : 0
1. Англия - 3 (1). 2. Тринидад ва Тобаго - 1 (1). 3. Шветсия - 1 (1). 4. Парагвай - 0 (1).


Гурӯҳи «С»


Аргентина - Кот-д Ивуар - 2 : 1 (Креспо, 24, Савиола, 38 - Дрогба, 82)
Сербия ва Черногория - Ҳолланд - 0 : 1 (Роббен, 18)
1. Аргентина - 3 (1). 2. Ҳолланд - 3 (1). 3. Кот-д Ивуар - 0 (1). Сербия ва Черн.- 0 (1).


Гурӯҳи «D»


Мексика - Эрон - 3 : 1 (Браво, 28, 76, Зиня, 79 - Гулмуҳаммадӣ, 36)
Ангола - Португалия - 0 : 1 (Паулета, 4)
1. Мексика - 3 (1). 2. Португалия - 3 (1). 3. Ангола - 0 (1). 4. Мексика - 0 (1)


Гурӯҳи «F»


Австралия - Ҷопон - 3 : 1 (Кэйхилл, 84, 89, Алоизи, 90 -Накамура, 26)
Бразилия - Хорватия - 1 : 0 (Кака, 44)
1. Австралия - 3 (1). 2.Бразилия - 3 (1). 3. Хорватия - 0 (1). 4. Ҷопон - 0 (1)

Гурӯҳи «Е»


ИМА - Ҷумҳурии Чех - 0 : 3 (Коллер, 5, Роситски, 36, 76)
Италия - Гана - 2 : 0 (Пирло, 40, Яквинта, 83)
1. Ҷумҳурии Чех - 3 (1). 2. Италия - 3 (1). 3. Гана - 0 (1). 4. ИМА - 0 (1).


Гурӯҳи «G»


Куриёи Ҷанубӣ - Того 2 : 1(Ли Чун Со,54, Ан Чун Хван, 72 - Абдулқодир, 31)
Фаронса - Швейтсария - 0:0
1.Куриёи Ҷанубӣ - 3 (1). 2. Фаронса - 1 (1). 3. Швейтсария - 1 (1). 4. Того - 0 (1)


Гурӯҳи «Н»

Испания - Украина - 14 июн, соати 18 ба вақти Душанбе
Тунис - Арабистони Саудӣ - 14 июн, соати 21 ба вақти Душанбе


Гурӯҳи «А»

Олмон - Полша - 14 июн, соати 24 ба вақти Душанбе
XS
SM
MD
LG