Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро афзоиши музди кор фақрро кам накард?


шореҳи меҳмон Оё ҳамагон дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки нархҳо собит, таваррум кам, иқтисод пешрафта, ҷомеа озод, мардум осудаҳол ва адолат ҳукмфармо бошад? Пас чаро тағйире нест? Ё шояд на ҳама мехоҳанд?

Ду моҳ пеш дар Тоҷикистон маоши кормандон 40% зиёд ва ҳадди ақали музди кор 20 сомонӣ таъин шуд. Яъне аз аввали моҳи май кормандон ба ҳисоби миёна ба ҷои 70 сомонӣ қариб 100 сомонӣ мегиранд ва онҳое ки то моҳи май 12 сомонӣ мегирифтанд, ҳоло 20 сомонӣ. Оё ин тадбир зиндагии мардумро беҳтар ва мушкили фақрро ҳал кард? Дар Тоҷикистон ба ин андоза боло бурдани музд мушкилоти ҷомеаро ҳал намекунад, зеро дар ҳоли ҳозир сатҳи даромади кормандон ба маротиб камтар аз қимати зиндагӣ аст. Аслан, равшан нест, ки таи 10-12 соли ахир миқдори музди кор бар асоси кадом қонуну усулҳои иқтисодӣ таъин шуда ва зиёд карда мешавад. Рўиҳамрафта, ақида бар ин аст, ки музди кор дар кишвар ба ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва буҷаи давлат вобаста аст. Бинобар ин ки ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва буҷаи давлат зиёд нест, ҳукумат наметавонад музди корро зиёд кунад. Яъне дар ин ҷо музди кор на бо дарназардошти арзиши «сабади колоҳои масрафӣ», балки бо дар назардошти имконоти буҷа, ба фармони мақомоти давлатӣ тайин мешавад. Ин тасодуфӣ нест: Мо одат кардаем, ки ба амру фармонҳо кору зиндагӣ кунем, на ба ҳукми қонунҳо.
Чунин ҳолат дар бисёре аз кишварҳои шӯравии пешин низ дида мешавад. Вале бадтарин ҳолат дар Тоҷикистон аст. Бино бар омори расмию ғайрирасмӣ, музди миёнаи кормандон дар ахири соли 2005 дар Эстониё -- 600 доллар, дар Литва -- 500, Русия -- 393, Казоқистон -- 342, дар Кирғизистон -- 60, ва дар Тоҷикистон -- 20 доллар, яъне камтар аз ҳама будааст.
Ин дар ҳолест, ки дар шароити нарху навои имрӯзи бозорҳои Тоҷикистон барои зиндагии фақиронаи як нафар дар як моҳ дар ҳудуди 65-70 доллар ва барои як хонаводаи иборат аз 4 нафар 250-280 доллар (қариб 800- 900 сомонӣ) зарур аст. Он ҳам дар сурате ки «сабади...» мо нимахолию хоксорона бошад. Тавре мебинем, тафовути байни музди миёнаи кор ва масорифи зиндагӣ хеле зиёд аст. Дар ин шароит ба андозаи 40 ё 50% зиёд кардани музди кор ба зиндагии мардум таъсири чандоне надорад ва мушкили фақрро ҳал намекунад.
Гузашта аз ин, ҳамзамон бо зиёд шудани музди кор, қиматҳо дар бозор низ боло рафт. Ҳатто раҳкирои нақлиёт низ. Дар ин сурат, аз афзудани маоши кормандон танҳо тоҷирон суд бурданд. Барои пешгирӣ кардан аз чунин паёмад, давлатҳо чораҳо меҷӯянд. Аз ҷумла инҳисоргароёнро маҳдуд ва рақобатро дар бозор тақвият менамоянд, соҳибкорони хурду миёнаро дастгирӣ мекунанд ва ба рушди корхонаю муассисоти тавлидӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисод мусоидат менамоянд. Албатта, ин кор сиёсати дақиқан ҳисобшуда ва фаъолияти пурсамару мудовими ҳукумат ва ҷомеаро мехоҳад. Аммо, оё ҳукумати Тоҷикистон тавони ин корро дорад? Оё дар кишвар ҳамагон мехоҳанд нархҳо собит, иқтисод пешрафта, ҷомеа озод, мардум осудаҳол ва адолат ҳукмфармо бошад? Ба ин пурсишҳо наметавон бидуни тардид посухи мусбат дод. Вагарна музди кор ба ин андоза ночиз ва ғайриодилона намебуд.
Дар воқеъ, дар ҷое ки фақат пули обу барқ ва гозу телефон дар як моҳ 60-70 сомонӣ мешавад ва барои зиндагии фақиронаи як нафар беш аз 200 сомонӣ лозим аст, бо 20 сомонӣ ва ҳатто 70 ё 100 сомонӣ чи гуна метавон зиндагӣ кард? Мардуме, ки ҳамаи музди худро барои пардохти хадамоти коммуналӣ сарф мекунанд, пули хӯроку пӯшок ва дорую дармони аҳли хонаводашонро аз куҷо ёбанд?
XS
SM
MD
LG