Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ-Того 2:1.


Дар бозии аввали гурӯҳи "G" дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ рақибонаш дастаи мунтахаби кишвари африқоии Тогоро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод. Қисмати аввали бозӣ ба нафъи футболбозони Того анҷом ёфт. Тӯбро дар дақиқаи 31-уми бозӣ Муҳаммад Қодир Кубадҷа ба ҳадаф расонд. Вале дар нимаи дуюми бозӣ ибтидо футболбозони кореявӣ Ли Чун Со ва сипас Ан Ҷунг ба дарвозаи Того гол зада, ҳисоби ниҳоии бозиро 2 бар 1 ба фоидаи Кореяи ҷанубӣ карданд. Имрӯз бозии дуюми ин гурӯҳ доир мешавад. Дар шаҳри Лейптсиг Фаронса бо Швейтсария рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG