Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефонбозори Душанбе ва муштариёни он


«Телефонбозор» - ин бозор имрӯз дар пойтахт ягона бозори фурӯши телефонҳои арзон ба ҳисоб меравад. Ҳар ҳафта рӯзи якшанбе дар маҳҳаллаи 46-уми пойтахт воқеъ дар куҳнабозори Саховат, гурӯҳ-гурӯҳ одамоне гирд меоянд, ки қисме ба фурӯш ва қисме ба харидани телефони мобилӣ машғул аст, аммо тарзи фурӯши телефонҳо дар ин бозор ғайримаъмулӣ аст, фурӯшандаҳо телефонҳоро дар ҷайби худ нигоҳ медоранд ва танҳо бо омадани муштари онро пешкаш менамоянд. Сабабаш дар он аст, ки фаъолияти ин бозор ғайрирасмӣ аст ва дар он телефонҳои куҳнаву ёфташуда ва ҳатто дуздидашуда фурӯхта мешаванд, бинобар ин телефонфурӯшон ҳар лаҳза аз омадани кормандони ҳифзи ҳуқуқ нигаронанд. Ба гуфти Некрӯз ном мусоҳибам, ки ӯ низ дар ин бозор ба тиҷорат машғул аст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ин бозор зуд зуд меҳмон мешаванд ва кӯшиши манъ ва мусодира кардани фурӯши телефонҳои қочоқиро мекунанд.

Аммо арзиши телефонҳои дастӣ дар ин бозор нисбати мағозаҳо қариб 50 дар сад поинтар аст. Ҳатто телефони НОКИА 62 30-ро, ки дар мағозаҳо нархаш беш аз 700 сомонӣ аст дар бозори мазкур бар ивази 300 сомон метавон харид. Телефони тамғаи САМСУНГ Е 800 -ро, ки нархи аслиаш 650 сомонӣ мебошад дар ин бозор ҳамагӣ бо маблағи 250 сомонӣ метавон пайдо кард. Ба фурӯши телефонҳои мобилӣ дар ин бозор асосан наврасону ҷавонон машғуланд. Некрӯз, 18 сол дорад ва ҳудуди 1 сол аст, ки дар ин бозор машғули тиҷорат аст. Ӯ мегӯяд: "агар телефони куҳна хоҳӣ, телефони куҳнаи арзон ҳаст дар ин бозор, аммо боз ҳастанд одамоне, ки маблағ даркор мешавад ва аз рӯйи зарурат телефони навро барои фурӯш ба ин бозор меоранд, яъне ҳама навъи телефонро ёфтан мумкин аст дар ин бозор." Аз Некруз мепурсам, ки оё ягон маротиба барои фурӯши моли қочоқиаш аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст?

«Ма милисаи шинос дорум, барои ҳамин нотарсона метавонам фурӯхта дар ин бозор, хай дар ӯ бозор бисёриш ҳамхел одам доранд метавонан фурӯхта, лекин боз ҳастанд одамоне, ки ягон милисаи шинос надоранд, тарсида тарсида мефурӯшанд.» Вале сифати телефон дар ин бозор ба харидор кафолат дода намешавад, ва агар баъд аз як рӯзи хариди телефон мизоҷ кӯшиши баргардонидани онро кунад, ӯ дигар ин имконро надорад, зеро фурӯшандаи он телефонро дигар пайдо кардан номумкин аст, аз ин рӯ бархе бозори мазкурро бозори дуздону қаллобон ном мебаранд.

Вале бояд гуфт имрӯз дар мағозаҳои телефони ҳамроҳ ҳам чунин телефонҳои қочоқӣ ба фӯрӯш гузошта мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати алоқа имрӯз дар ҷумҳурӣ фурӯши телефонҳои қочоқӣ ва пастсифат 2 баробар афзоиш ёфтааст. Ба гуфти Хуршед Раҷабмаҳмадов корманди агентии танзими алоқаи назди вазорат, ҳамаи он телефонҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд бояд ҳатман барои муаян кардани сифати он аз қайд ва ташхис гузаранд, ҳамчунин муҷҷавиз дошта бошанд, аммо дар ҳудуди 1 соли ахир танҳо 3 ҳазор телефонии фурӯшӣ соҳиби нишони сифат шудаанду халос. Хуршед Раҷабмаҳмадов меафзояд ҳозир дар аксар маврид қисмҳои техникии телефонҳоро ба хусус рӯйпушашонро иваз карда ба мисли нав мекунанд ва дар мағозаҳо ба фурӯш мегузоранд. Барои ҳамин ишора менамояд ӯ маслиҳат ба харидорон ин аст, ки агар 2 чиз, галограмма ва сертификати он телефонро аз фурӯшанда талаб кунад, пас дилаш пур бошад, ки он телефон нав ва босифат аст.

Ба гуфти Хуршед феълан агентии танзими алоқа дар ҳамҷоягӣ бо идораи бозраси давлатии андоз бо мақсади ба танзим даровардани бозори фурӯши телефони ҳамроҳ, яъне таъмини шароити фурӯши танҳо телефонҳои расмӣ амалиёту чорабиниҳои махсусро дар миёни мағозаву фурӯшгоҳҳои телефони мобил мегузаронанд. Ва ҳамчунин дар худи агентӣ ҳам барои ироаи маълумот ба мизоҷон, доир ба телефонҳои босифат ва ё қочоқӣ маркази иттилоотӣ ташкил кардаанд, ки ба муштарӣ барои хариди телефони босифат машварат дода мешавад.
Аммо дар ҳамин ҳол аксари харидорон бар ин назаранд, ки моли қонуниву телефонҳое, ки бо роҳи расми фурӯхта мешаванд арзиши қиммат доранд ва телефонҳои қочоқӣ барои онҳо дастрастар аст.
Ва дар ҳоле, ки масъулин машғули танзим фурӯши телефонҳои қочоқианд, тиҷорати телефонҷалалобон дар «телефонбозор»-и Саховат ҳамоно гарм боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG