Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунгузорони Қирғизистон ба узвияти Узбакистон дар Евразэс мухолиф нестанд


Имрӯз қонунгузорони Қирғизистон аз узвияти Узбакистон дар созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авроосиё (Евразэс) пуштибонӣ карданд. Вазири умури хориҷии Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқулов ба қонунгузорони қирғиз иброз дошт, ки вуруди Узбакистон ба Евразэс ба таҳркими равобити иқтисодии дуҷониба кумак мерасонад. Моҳи январи соли 2006-ум дар нишасти Санкт-Петербург Узбакистон расман ба Евразэс пазируфта шуд. Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авроосиё (Евразэс)мебошанд.
XS
SM
MD
LG