Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Тоҷикистон пахши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро манъ нахоҳад кард


Масъулини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон иттиҳомоти ширкати Евразия ОРТ-и Қазоқистон мабнӣ ба пахши ғайриқонунии бозиҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол 2006 аз тарафи ширкати сартосарии телевизионии ин кишвар ва шабакаи дуюми давлатӣ «Сафина»-ро такзиб карданд.
Ширкати Евразия ОРТ-и Қазоқистон иддао дорад, ки пахши ҷараёни бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол аз Олмон тавассути ҳарду шабакаи давлатии ТВТ ва «Сафина»-и Тоҷикистон дар қаламарви ин кишвар ғайриқонунӣ ва бидуни мувофақа бо ин ширкат сурат мегирад.
Ба таъйиди Шералӣ Ҷӯрабоев- намояндаи ширкати Евразияи ОРТ-и Қазоқистон дар Душанбе ҳаққи пахши бозиҳои мусобиқоти ҷоми ҷаҳонӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро танҳо ин ширкат дар ихтиёр дорад ва кишварҳои дигари минтақа баъди имзои қарордод ва пардохти маблағи муайян ба ин ширкат ҳаққи намоиши бозиҳои мазкурро метавонанд ба даст оранд.
Аммо Самад Ҳикматов – муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ҳарчанд бо ин ширкати қазоқӣ музокирот дар мавриди пахши бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, вале тарафҳо дар ин замина ба ҳеҷ тавофуқ даст наёфтаанд ва даъвои ширкати Евразия ОРТ-и Қазоқистон беасос аст:

"Онҳо ба мо ягон ҳуҷҷат пешниҳод накарданд, ки онҳо ҳаққи пахши бозиҳо дар кишварҳои дигарро дар ихтиёр доранд.

Муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъйид кард,ки телевезиони сартосарии ин кишвар ва низ шабакаи давлатии «Сафина» бозиҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳониро тавассути шабакаҳои русӣ намоиш медиҳанд зерои ин кумита бо ҷониби Русия созишномаи ҳамкорӣ аз қаб ба имзо расонидааст вале дар мавриди пахши бозиҳои футболи ҷаҳонӣ аз Олмон ҳоло гуфтушунид миёни мақомоти масъули ҳарду кишвар идома дорад.
Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ҷӯрабоев –намояндаи ширкати Евразия ОРТ-и Қазоқистон мӯътақид аст намоиши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол аз сӯи шабакаҳои Тоҷикистон то кунун ғайриқонунӣ идома дорад:
"Телевизиони Тоҷикистон қасд дошт барои дарёфти ҳаққи пахши ин бозиҳо маблағ пардохт кунад.Аммо замони ин пардохтро то семоҳаи аввали соли оянда яъне то соли 2007 мавқуф гузошт . Ба чунин шароит ширкати Евразия –ОРТ-и Қазоқистон бо чанд далел аз ҷумла ноошноӣ бо чунин бозор ва тӯлонӣ будани мӯҳлати пардохт посухи рад дод."
Ба таъйиди ҳамин манбаъ ширкати Евразия ОРТ-и Қазоқистон тасмим гирифтааст барои нақзи муқаррароти мавҷуда шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро ба додгоҳи байналмилалӣ бикашад ва дар сурати баранда шудан дар мурофиаи додгоҳӣ ҷониби Тоҷикистон муваззаф хоҳад шуд,ки дусадҳазор доллари хисора ба ин ширкатро пардохт кунад.Ин ҳам дар ҳолест,ки ширкати қазоқӣ барои пахши бозиҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол 2006 аз масъулини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон 50 ҳазор доллар тақозо карда будааст.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG