Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвоз" шикаст хӯрд, аммо ҳанӯз ҳам пешсаф аст


Дар ҳоле, ки дар Олмон Ҷоми ҷаҳонии футбол ҷараён дорад, дар Тоҷикистон бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар миёни тимҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Ғайричашмдошт пешсафи ҷадвали бозиҳо - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар меҳмонӣ аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 0 бар 3 шикаст хӯрд. Вале ин натиҷа мавқеи «Парвоз»-ро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. «Парвоз» бо 22 имтиёз аз 10 бозӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар майдони худ бар дастаи «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад, бо 19 имтиёз дар мақоми дуввум қарор дорад. «Хима»-и Душанбе, ки бар «Ориёно»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуд, бо 17 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунад. Ва аммо «Регар» ТадАЗ ва «Хима» се бозӣ камтар анҷом додаанд. Дар ду бозии дигар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар тими « Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи 1 бар 0 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар СКА «Помир» - и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Нӯъмон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» ва Низом Раҳимов аз дастаи «Регар» ТадАЗ, ки ҳаштголӣ задаанд, дар ҳамин ҳол беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот маҳсуб мешаванд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 13 июн чунин аст:

1. «Парвоз» 10 бозӣ 22 имтиёз
2. «Регар» ТадАЗ 7 19
3. «Хима» 7 17
4. СSKA 6 12
5. «Хуҷанд» 10 12
6. «Тоҷиктелеком» 8 10
7. «Вахш» 4 9
8. «О.Каримзод» 10 9
9. «Саройкамар» 8 8
10. «Ориёно» 5 5
11. СКА «Помир» 8 5
12. «Динамо» 8 3
XS
SM
MD
LG