Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба ошӯбгарон паноҳгоҳ додааст?


Марзбонони Тоҷикистон мегӯянд, ки Узбакистони ҳамсоя ба ошӯбгарон паноҳгоҳ додааст. Дар изҳороти Кумитаи давлатии ҳифзи марзҳои Тоҷикистон омадааст, ки баъзан силоҳбадастони зиддиҳукуматӣ барои мулоқот бо раҳбарашон -собиқ полковники артиши Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев марзи Узбакистонро убур менамоянд. Соли 1998 Маҳмуд Худойбердиев бо тахминан як ҳазор силоҳбадаст ба вилояти Суғд ҳамла карда буд. Марзбонони Тоҷикистон илова кардаанд, ки Узбакистон тақозои истирдоди ошӯбгаронро нодида гирифтааст.
Ҳамчунин мансабдорони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ду шахси муттаҳам бо узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистонро боздошт намудаанд. Рӯзи душанбе Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иброз дошт, ки шаҳрванди Тоҷикистон Туйчӣ Шарифов ва шарҳванди Узбакистон Маҳмаднозир Ҷӯраев бо убури ғайриқонунии марз дар соли 2005-ум муттаҳам мешаванд. Моҳи гузашта дар Тоҷикистон шаш узви Ҳаракати исломии Узбакистон ба мӯҳлати то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА Ҳаракати исломии Узбакистонро созмони террористӣ мешуморанд.
XS
SM
MD
LG