Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ соҳиби ҷоизаи Рудакӣ мегардад?


Дар Тоҷикистон давраи номнависии номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи Давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ анҷом пазируфт. Раҳмат Назрӣ, котиби раёсати ҷоизаи давлатӣ мегӯяд, пас аз ҳаллоҷии раёсат танҳо се тан аз адибони баркамоли тоҷик - Гулрухсор Сафиева, Саттор Турсун ва Низом Қосим барои идомаи мубориза ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд. Саттор Турсун, нависандаи номдори тоҷик ва як тан аз муддаиён мегӯяд, барои Гулрухсори Сафӣ ва ӯ бори саввум аст, ба ҳадди ниҳоии озмуни мазбур роҳхат мегиранд, вале дар ду дар даври ниҳоӣ ноком шудаанд: «Ин барои саввум аст, ки номзадии маро пешбарӣ меекунанд, ба даври ниҳоии ҷоиза. Аммо ростиӣ, ман аз ин доду гирифт дилсард шудаам.» Устод Саттор Турсун меафзояд, дар мавриди озмунҳои қаблӣ ва беғаразии аъзои ҳакамот дар даври қарибулвуқӯъ низ шубҳа доштааст: «Аҳли кумита ва ё кор бештар ҳақиқати ҳолро дар оинаи пиндори худ каҷ мебинанд. Ба назари ман ҳар овоздиҳие, ки пинҳонӣ аст, муғризона метавонад сурат бигирад. Ба андешаи ман бояд овоздиҳӣ пӯшида набошад ва ошкор сурат бигирад»Ҷонибек Акобиров, нависанди дигари тоҷик дар бастагӣ ба мавзӯъ меафзояд: "Дар куҷое ки ҳайъати ҳакамон мешавад, дар ҷомиъаи мо, хоҳ дар Андалеб бошад хоҳ Бӯстон боша ва дигараш, ҳатман ки аз рӯи бинишҳо ва гироишҳое, ки мардуми мо дорад, баъзе каҷфаҳмиҳо муҳокимаҳо мешавад,албатта» Ин дар мавридест, ки Меҳмон Бахтӣ, садри ИНТ ва узви ҳакамот бар ин назар аст, ки ҳар се муддаъӣ дар соҳаи адабиёт- Саттор Турсун, Гулрухсор ва Низом Қосим аз удабои шинохта ва сазовори ҷоиза будаанд.
Ва аммо Раҳмат Назрӣ, котиби раёсати ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гуфт, дар соҳаи адабиёти кӯдак, раёсати ИНТ асарҳои пешбаришударо рад кард. Ҷонибек Акобиров меафзояд, пас аз сари Мирсаид Миршаккар ва Убайди Раҷаб - чеҳраҳои шинохта дар адабиёти кӯдак, дар ин майдон тиҳигоҳе боқӣ мондааст.
Меҳмон Бахтӣ дар таъйиди гуфтаҳои Ҷонибек Акобиров афзуд:
«Чунки мисли Мирсаид Миршаккару Убайди Раҷаб дигар адиби кӯдаке нест, ки пуркор бошад ва муҳимтар аз ҳама ун истеъдоди ишонро дошта бошад.»Маблағи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ 2.500 доллари амрикоист, ки ба иттилоъи ҳамаи ҳамсӯҳбатони ман ночиз ва барои ҷоизаи расмии як кишвари мустақил дар соҳаи фарҳанг хеле кӯчак аст.
Ба гунаи мисол, ҷоизоти давлатӣ барои фарҳангиён дар Русия 170.000 доллар ва дар Қаззоқистон 12.000 доллари амрикоӣ қиммат доштааст.
Дар ҳамин маврид, барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ки авоили моҳи июл ҷамъбаст мегардад, дар соҳоти театр ва синамо, санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт 9 тан аз ғаввосони фарҳанги миллӣ барои рабудани гавҳари мақсуд аз садафи ҳамдигар талош доранд.
Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соли 60-уми асри гузашта таъсис ёфт, ки нахустин барандаи он устод Мирзои Турсунзода буд.
XS
SM
MD
LG