Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - барандаи Ҷоми Сато


Нарзуллоҳи Латиф

Тими мунтахаби Тоҷикистон барандаи Ҷоми Сато, поягузори каратэ-до дар ҷамоҳири собиқ шӯравӣ гардид. Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ, ки барои севвумин бор дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор шуд, тимҳои мунтахаби Афғонистон, Беларус,Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат карданд. Тими мунтахаби Эрон пас аз тими мизбон дар мақоми дуввум қарор гирифт. Тими Афғонистон мақоми севвумро касб кард. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи кото Владимир Мокряков аз Русия мақоми аввал, Неъматулло Ҳайдарӣ аз Афғонистон мақоми дуввум, Абдулазиз Ҳамидов ва Баҳодур Аҳмадов, ҳарду аз Тоҷикистон мақоми севвумро ишғол карданд.
Дар рақобатҳо миёни духтарон Алёна Янис аз Русия дар ҷойи аввал ва Нигина Хайруллоева аз Тоҷикистон дар ҷойи дуввум қарор гирифтанд. Дар сабқати ҷавонон Ҷавод Аҳмадӣ аз Эрон ҷойи аввал ва Субҳонҷон Абдуллоев аз Тоҷикистон ҷойи дуввумро соҳиб шуданд. Дар навъи кумитэ байни наврасон варзишгарони тоҷик Низомҷон Орифов дар вазни то 55 кило ва Аслиддин Нигоров дар вазни то 65 кило ғолиб омаданд. Дар ин навъи рақобатҳо миёни духтарон низ намояндагони Тоҷикистон Дилором Шерова ва Нигина Хайруллоева муваффақ ба дарёфти мақоми аввал гаштанд. Варзишгари ҷавони Эрон Ҷаводи Аҳмадӣ дар вазни беш аз 65 кило ғолиби мутлақи мусобиқот гардид. Дар ҳисоби даставӣ байни ҷавонон тимҳои Эрон ҷойи аввал, Тоҷикистон ҷойи дуввум ва Афғонистон ҷойи севвумро касб карданд.
Дар рақобатҳо миёни бузургсолон Диловар Шарифов аз Тоҷикистон дар вазни то 60 кило, Ҳусейн Алии Ризо аз

Афғонистон дар вазни то 70 кило, Темур Беков аз Тоҷикистон дар вазни беш аз 70 кило бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Дар сабқати бузургсолон дастаҳои Тоҷикистон дар ҷойи аввал, Беларус дар ҷойи дуввум ва Афғонистон дар ҷойи севвум қарор гирифтанд. Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсиюни каратэ-дои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки ба ҷашни 70- солагии Сато Тетсуо бахшида шудааст, тӯҳфаҳоро ба ғолибони рақобатҳо соҳибҷашн эҳдо кард.
XS
SM
MD
LG