Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба як матлаби интернетӣ


Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо пахши баёнияи расмие аз нашри як матлаб дар сомонаи интернетии Сентр Азия бо номи «Худсарӣ дар байни марзи Тоҷикистону Узбакистон» интиқод ва онро як навиштаи муғризонаву дур аз воқеъият арзёбӣ намудааст. Матлаби мазкур ахиран дар сомонаи интернетии Сентр Азия ба нашр расидааст ва дар он муаллиф марзбонони тоҷикро ба убури ғайриқонунии марзҳои Узбакистон, худсарӣ ва тирандозӣ ба сӯи қаламрави ин кишвар муттаҳам намудааст. Муаллифи матлаби Сентр Азия дар вуқӯъи ин ҳама иқдоми ба гуфтаи ӯ "амдӣ" мақомоти марзбонии тоҷикро гунаҳкор донистааст ва ҳамзамон афзудааст ба эҳтимоли зиёд чунин бархурд бо иҷозат ва ризоияти раҳбарияти сатҳи болои Тоҷикистон сурат мегирад.
Ва аммо Хушнуд Раҳматуллоев сухангӯи кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ иддаъои муаллифи Сентр Азияро бепоя ва онро хилофи воқеъият номид ва гуфт аз соли 2000 -ӯм ба ин сӯ марзбонони узбак дар имтидоди марзҳои байни ду кишвар дар 36 маврид даст ба аъмоли ғайриқонунӣ задаанд.
Ва аммо дар ҳамин ҳол Исмоил Раҳматов корманди пажӯҳишгоҳи стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иддаъои муаллифи матлаби Сентр Азияро ба тамоюли тозашакли созмони Авруосиё, ки ҳадаф аз он лағви раводид миёни кишварҳои узви созмони мазкур аст муртабит медонад: «Масъалаи аз байн бурдани раводид миёни кишварҳои Авруосиё бисёр масъалаи муҳим аст ва мардуми оддӣ аз он истиқбол менамоянд. Аммо дар ин кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбакистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки мухолифи бекор кардани раводид мебошанд. Матлаби ба нашр расонидаи Сентр Азияро фикр менамоям аз ҳамин зовия бояд баррасӣ кард»Зимнан ҳафтаи гузашта Рамазон Абдулатифов сафири Русия дар Тоҷикистон низ дар нишасти ахири матбуъотии худ аз раванди ҳифозати марзҳои байни Тоҷикистону Афғонистон интиқод намуд ва марзбонони тоҷикро дар ин амр ба он чӣ ки камтаваҷҷуҳӣ унвон шудааст, айбдор намуд. Ин дар ҳолест, ки то кунун мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин изҳори назари сафири Русия дар Тоҷикистон посухе нагуфтаанд.
XS
SM
MD
LG