Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико номи худкушони Гуантанаморо ошкор кард


Ба изҳороти ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида ду маҳбуси боздоштгоҳи Гуантанамо, ки худкушӣ кардаанд, аз Арабистони Саъудӣ (Монӣ Шамон Туркӣ Ал-Ҳабардӣ Ал-Утайбӣ ва Ёсир Талол Ал-Заҳронӣ) ва севвумӣ аз Яман (Алӣ Абдуллоҳ Аҳмад) будаанд. Онҳо рӯзи шанбе (10-уми июн) аз либос ва рӯйкашҳои рахтихоб таноб бофта, худро овехтаанд. Ин нахустин ҳодисаи худкушӣ дар маҳбаси Гуантанамо сар аз таъсиси он дар соли 2002 аст. Ҳодиса сабаби даъватҳои нав ба бастани ин боздоштгоҳ шудааст. Созмони Афви байнулмилал аз Иёлоти Муттаҳида тақозо кард, ин маҳбаси ғайриқонуниро баҳам занад.
Ҳукумати ИМ мегӯяд, президент Буш аз ин ҳодиса хеле нороҳат буда, гуфтааст, ки орзу дорад, ин маҳбасро бубандад. Ҳарсе маҳбус қаблан дар гуруснашиниҳои Гуантанамо ширкат доштаанд ва дар гузашта, 40 нафар қасди худкушӣ кардааст. Ҳайъати муҳаққиқони СММ охири моҳи май гуфта буд, ҳабси бемӯҳлати айбдоршавандагон дар Гуантанамо хилофи қонуни зидди шиканҷа мебошад. Нозирон мегӯянд, аз 759 маҳбус 300 нафараш озод гардид, аммо танҳо ба 10 нафар айбномаи расмӣ пешниҳод шудааст. Дар ин маҳбас аз 8 то 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG