Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мекзик 3; Ирон 1


Рӯзи якшанбе (11 июн) тимҳои миллии Мекзик ва Ирон дар шаҳри Нурнберги Олмон ба масофи якдигар рафтанд. Оғози бозӣ ҳокӣ аз таҳарруки пурҳаяҷони тимҳо буд ва дар дақиқаи 28 бозӣ Умар Браво, бозикуни тими Мекзик тӯберо вориди дарвозаи Ирон кард ва ҳаводорони бешумори тимашро дар саросари майдон ба шӯру шаъаф водошт. Аммо тими Ирон талофии ин зарбаро ба нимаи дуввум вогузор накард, балки пас аз ҳашт дақиқа Яҳё Гулмуҳаммадӣ бо голи зебое ҳисобро баробар кард ва ин бор навбати шодию сарусадо бо ҳаводорони тими Ирон буд.Дар дақиқаи 57 Рафаэл Маркез, сардастаи Мекзик ва беҳтарин бозикуни ин тим ба сӯи дарвозаи Ирон ҳамлаи сарсахтонае пеш бурд, аммо муваффақ ба фиристодани тӯб ба даруни дарвоза нашуд. Ва боз ҳам Умар Браво аз тими Мекзик буд, ки голи дигареро вориди дарвозаи Ирон кард ва тими Мекзик ҷилав уфтод. Ва андаке нагузашта дар дақиқаи 79 тӯби Мекзик бо зарбаи сари Антонио Зинйа барои севвумин бор дарвозаи Иронро боз кард. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба суди Мекзик поён ёфт.
XS
SM
MD
LG