Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳранигорие дигар: Оржонтин ва Соҳили Оҷ


Дориюши Раҷабиён (бо истифода аз рӯзномаҳо) Нимашаби шанбе, 10 июн, ба вақти Душанбе тимҳои футболи Оржонтин (Аргентина) ва Соҳили Оҷ (Кот д'Ивуар) ба рақобат мепардозанд. Ин ду тим то чи андоза дар баробари якдигар рақобатпазиранд?

Тими Оржонтин

Нуқоти қувват: Тими Оржонтин бо маҳорати худ шуҳраи олам аст. Оржонтиниҳо ба содагӣ тӯбро шитоб медиҳанд ва бо суҳулат онро ба якдигар пос мекунанд. Ва таркиби бозикунони радифи пеши Оржонтин ҳамон таркибест, ки борҳо ҳаводорони футболро бо маҳорати худ шигифтзада кардааст.

Нуқоти заъф: Ба монанди бисёре дигар аз тимҳои футбол Оржонтин ҳам мушкили дифоъӣ дорад. Дар паи захмӣ шудани бозикунони хатти дифоъ, Хосе Пекерман, мураббии тими Оржонтин, муваффақ нашудааст хатти дифоъи муназзами дигаре шакл бидиҳад.

Беҳтарин бозикуни тим: Аз кадом якеаш бигӯем? Теъдодашон зиёд аст. Аммо инсофан, Хуан Роман Риквелме, аз тими Виллареал, аз истеъдоди фавқулъодае бархурдор аст ва ба роҳатӣ рақибонашро канор мезанад. Беҳуда набуд, ки вай соли гузашта барои дарёфти ҷоизаи Бозикуни Соли Ҷаҳони ФИФА номзад шуд.

Бадтарин таҷрубаи тим: Бохти Оржонтин дар баробари Комерун дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии соли 1990 дар Итолиё бо ҳисоби 1:0 талхтарин лаҳзаи ин тим ба шумор меояд.

Беҳтарин таҷрибаи тим: Комгории тим дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Мекзик дар соли 1986. Ҳарчанд Оржонтин дар соли 1978 ҳам пирӯз шуда буд, аммо диктотурии ҳоким бар кишвар монеъ аз ҷашнҳои саросарӣ мешуд. Аммо соли 1986 дигар аз диктотурӣ хабаре набуд ва ҷашну пойкӯбӣ кишварро фаро гирифт.

Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: "Vamos Argentina! Vamos, vamos, a ganar. Que esta barra quilombera, no te deja, no te deja de alentar!", яъне "Биё, бирем, Оржонтин! Биё, баранда шавем! Ин ҳама тарафдорат! Мо хостори пирӯзит!"

Тими Соҳили Оҷ

Нуқоти қувват: Тавоноии ҳуҷуми ду бозикуни ин тим аз беҳтарин нуқоти қуввати он маҳсуб мешавад: Аруна Диндейн аз тими Ленз ва Дидиер Дрогба аз тими Челси. Бозикунони дигаре ҳам ба монанди Коло Туре, Дидиер Зокора ва Артур Бока ин тимро саҳмгинтар мекунанд.

Нуқоти заъф: Метавон бо истифода аз гароиши шадиди тим ба хатти дифоъ тамаркузи ҳавоси бозикунонашро аз байн бурд. Аммо гузашта аз он, ҳузур дар нахустин мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ ва он ҳам дар таркиби гурӯҳе ба ин тавоноӣ ба худии худ тими Соҳили Оҷро даступоча хоҳад кард.

Беҳтарин бозикуни тим: Сарфи назар аз издиёди ҷавонони боистеъдод дар тим, боз ҳам ин даста ба зӯру тавоноии сардаста Дидиер Дрогба муттакист. Ҳарчанд аз вай интиқод мешавад, ки аз ғаризаҳои як муҳоҷими ростин бархурдор нест, аммо Дидиер тавонист тайи мавсими ҷорӣ барои тими Челси 16 гол ба армуғон оварад. Тавоноии вай дар заминаи тасоҳуби тӯб ва задани гол бо пушти сар барои тими Соҳили Оҷ аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Бадтарин таҷрубаи Соҳили Оҷ: Иттиҳомоти мабнӣ бар дурӯғгӯӣ алайҳи сардастаи тим Дидиер Дрогба тайи мавсими ҷории футбол.

Беҳтарин таҷрубаи тим: Касби Ҷоми Миллатҳои Офриқо дар соли 1992 бо шикаст додани Ғано. Дар он бозӣ зарбаҳои ҷаримаии ҳамосаӣ сурат гирифт, ки ҳисобро ба 11:10 ба суди Соҳили Оҷ расонд.

Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: Дар дастрас намебошад! ва ё шояд ҳам мавҷуд нест...
XS
SM
MD
LG