Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инглистон 1; Парагвай 0


Дар нахустин бозии гурӯҳи Б-и тимҳои ширкаткунанда дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол тими Инглистон Парагвайро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ва ҷолибтарин нукта ин ҷост, ки танҳо голи ин бозӣ тавассути Карлос Гамарра, бозикуни худи тими Парагвай дар дақиқаи севвум вориди дарвозаи ин тим шуд. Карлос Гамарра ба вуруди тӯби партобшудаи Дейвид Бейкҳам ба дарвозаи тими худӣ мусоъидат кард. Ва аммо шӯру ҳарорате, ки дар лаҳазоти нахусти бозӣ эҳсос мешуд, якбора фурӯ нишаст ва нимаи нахусти бозӣ ба ҳамин минвол ба поён расид.

Дар нимаи дуввуми бозӣ эҳсос мешуд, ки тими Парагвай мехоҳад иштибоҳи худро ҷуброн кунад ва пайваста талош мекард дар ҳоли ҳамла ба сӯи дарвозаи тими Инглистон бошад. Аммо ин фишори физоянда ҳам ба ҳадар рафт ва ба натиҷае нарасид. Баръакс, наздик буд, ки ду зарбаи қавии Франк Лампард, бозикуни Инглистон, ҳисобро дубора ба суди Инглистон тағйир диҳад, аммо ҳар ду зарба ҳам дафъ шуд.

Ҳамон тавре ки интизор мерафт, Инглистон се имтиёз ба даст оварду аз дигарон як пилла фосила гирифт, аммо бегумон тими Парагвай қавитарин рақиби Инглистон набуд ва дар ояндаи наздик Инглистон бо рақибони сарсахттаре рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG