Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саноеъи сабуки Тоҷикистон ва ниёзмандиҳои он


Ин матлабро Абдукарим Ҳикматов муовини вазири саноъати Тоҷикистон дар пайи анҷоми намоишгоҳи "Интерлегпром" дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст. Муовини вазири саноъати Тоҷикистон афзудааст ин соҳа бояд аз сӯи давлат пӯштибонӣ шавад, зеро дар бозори дохилӣ ин фаровардаҳои саноеъи сабук аз хориҷ ба таври қоҷоқ ворид шуда ва тавлидкунандаи дохилиро ба муфлисшавӣ мувоҷеҳ кардааст.Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи оқои Ҳикматов вазорати саноати Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат тағйиру иловаҳо ба қонуни молиёт ва гумруки кишварро пешниҳод кардаааст.

Аммо ҳамзамон мутахассиони соҳа бар ин назаранд, ки коҳиши иқтидори тавлидотии корхонаҳои саноати сабуки дохилӣ ба тавлидот ва сифати фаровардаҳои мавриди ниёзи корхонаҳо таъсири манфӣ расонидааст. Алӣ Ҳусейнов, мутахассиси Пажӯҳишгоҳи чорвопарварии Тоҷикистон мегӯяд ширкатҳо ва корхонаҳои саноатии кишвар маҳсулоти мавриди ниёзи худро аз кишоварзон бо арзиши хеле паст харидорӣ мекунанд, вале чун таҷҳизоти ин корхонаҳо фарсуда шуда, иқтидори тавлиди фаровардаи мутобиқ ба бозори ҷаҳониро надоранд.

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнов ҳар сол аз 60 ҳазор пӯсти чорво бинобар фаъол набудани корхонаҳо қисмати ками ин маҳсулот коркард мешавад.
Дар ҳамин ҳол Хуан Ван Хид, раиси ширкати «Азия шёлк», аз камтаваҷҷӯҳӣ ба соҳати парвариши пилла дар Тоҷикистон нигарон аст ва мегӯяд, кишоварзони тоҷик аслан дар тавлиди ин фаровардаи саноатӣ манфиатдор нестанд: "Барои павариши пилла кишоварз чанд утоқи манзили худро ҷудо мекунад, ҳамаи аҳли хонавода ҷиҳати таъмини ғизо ба кирмак заҳмат мекашанд ва пас аз ҷамъ овардани маҳсулот кишоварз бояд манзили худро таъмир кунад, молиёт пардохт кунад. Аммо дар Тоҷикистон ҳаққи заҳмати пиллапарварро пас аз фурӯш пардохт мекунанд, ки он ҳам хеле ночиз аст ва ҳатто ба хароҷоти тавлид баробар намешавад".Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи вазорати саноат феълан дар соҳаи пиллапарварии Тоҷикистон танҳо ширкати «Азияшёлк»-и Ветнам сармоягузорӣ мекунад, ки барои фаъол намудани иқтидори аслии тавлидоти нахи абрешими кишвар нокифоя аст. Аммо ба ҳар сурат масъулони вазорат мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар кишвар каме бештар аз 3 ҳазор тонна пилла ҷамъоварӣ мешавад.
Барот Юсуфӣ
XS
SM
MD
LG