Пайвандҳои дастрасӣ

Рақибон дар Ҷоми Ҷаҳонӣ: Лаҳистон ва Эквадор


Дориюши Раҷабиён (бо истифода аз рӯзномаҳо) Дуввумин бозии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии 2006 миёни тимҳои футболи Лаҳистон ва Эквадор аст. Нигоҳе кӯтоҳ меандозем ба ин ду даста.

Тими Лаҳистон

Нуқоти қувват: Тими Лаҳистон дар заминаи зидди ҳамла тавоноии қобили таваҷҷуҳе дорад. Танҳо се тими урупоии дигар тавонистаанд теъдоди бештари гулҳоро ба бор оваранд. Пас тими рақиби Лаҳистонро мебояд, ки ҳавоси бештар ба харҷ диҳад, то ногаҳон дарвозааш аз зарбаи бозикунони лаҳистонӣ сӯрох нашавад.

Нуқоти заъф: Ҳамин ки тӯб вориди майдон мешаваду ғелидан мегирад, ҳаяҷону асабонияти бозикунони лаҳистонӣ эҳсос мешавад. Ба вижа хатти дифоъи ин тим бештар дастхуши ҳаяҷон ба назар мерасад. Рақибоне, ки ин нуқтаи заъфи Лаҳистонро медонанд, маъмулан баранда мешаванд.

Беҳтарин бозикуни тим: Пас аз пайвастани Ержи Дудек ба тими Ливерпул ҳамакнун Масией Зуравски беҳтарин бозикуни тими Лаҳистон маҳсуб мешавад. Ҳамвора тими Лаҳистон бидуни вай ба маротиб заъифтар ҷилва кардааст.

Бадтарин таҷрубаи тим: Берун уфтодан аз марҳилаи бозиҳои 2002 талхтарин лаҳзаи тими Лаҳистон ба шумор меравад.

Беҳтарин таҷрубаи тим: Ишғоли мақоми севвум дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 1974 ва 1982.

Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: "Polska, szewony i biay", яъне "Лаҳистон, сурху сафед!" (рангҳои либоси бозикунони тим) ба вазни оҳанги "Go West!" аз гурӯҳи ҳунарии Pet Shop Boys.


Тими Эквадор

Нуқоти қувват: Худи эквадориҳо мегӯянд, ки рози комгории онҳо назму интизом ва сабру шикебоӣ будааст. Гузашта аз он, чирагии ин тим дар бозиҳои мавсум ба Олимпико Атаҳуалпа дар Квито, ки 23 имтиёз аз 28 имтиёзро ба даст оварданд, қалби рақибони ин тимро беш аз пеш ларзонд.

Нуқоти заъф: Маъмулан тими Эквадор ба дур аз сарзамини худ ба хубӣ надурахшидааст. Афзун бар ин, бозикунони ин тим низ ба монанди лаҳистониҳо дар заминаи дифоъ камомӯхтатар ба назар мерасанд.

Беҳтарин бозикуни тим: Эдисон Мендези 27-сола ба унвони беҳтарин бозикуни Эквадор шинохта шудааст ва ӯ ҳамвора дар конуни беҳтарин ҳаракоти ин тим дар майдон қарор доштааст. Бидуни ҳузури вай дар майдон бозии тим парешону ноҳамоҳанг ба назар мерасад.

Бадтарин таҷрубаи тим: 77 соли интизор барои вуруд ба рақобатҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ.

Беҳтарин таҷрубаи тим: Пирӯзӣ бар тими Курвосӣ дар бозиҳои 2002.

Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: "Si se puede!", яъне "Оре, мо метавонем!"
XS
SM
MD
LG