Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон ниҳоди вижаи назорат бар зиндонҳо таъсис шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон ду ниҳоди вижа барои назорат бар умури зиндонҳо дар вилоятҳои Хатлон ва Суғдро таъсис дод, ки дар зарфи даҳ рӯзи оянда фаъъол хоҳанд шуд. Ин ниҳод пас аз бурузи ошӯби августи гузашта дар зиндони шаҳри Қурғонтеппаи устони Хатлон ва рух додани нооромиҳо дар зиндони Хуҷанд таъсис мешавад. Шокирҷон Ҳакимов, намояндаи Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон мегӯяд, таъсиси як чунин ниҳод намоёнгари он аст, ки давлат мавҷудияти шиканҷаю бадрафторӣ дар зиндонҳоро эътироф карда ва ба хотири ҷилавгирӣ аз чунини аъмоли номатлуб даст ба таъсиси ниҳоди вижаи назоратӣ задааст. Аммо ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир як чунин ниҳод дар пойтахт вуҷуд дорад ва дар минтақаҳо шароит барои ташкили як чунин ниҳоди махсус ҳамакнун фароҳам шудааст. Ниҳоди навтаъсис расман тобеъи додситониҳои вилоятҳо нахоҳад буд ва мустақил маҳсуб хоҳад шуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG