Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон - 4; Коста Рика - 2


Нахустин бозии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол бо вуруди дастаҳои Олмон ва Коста Рика ба майдони варзишгоҳи Мунхени Олмон оғоз шуд. Ва дар дақикаи шашуми бозӣ Филипп Лаҳм, бозикуни олмонӣ дарвозаи Коста Рикаро бо голи аввали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ гушуд. Шаш дақиқа пас аз он зарбаи Пауло Ванчопе, сардастаи Коста Рика, голи зебоеро ба дарвозаи Олмон нишонд ва ҳисоб баробар шуд. Ва аммо тими мизбон ҳисоби мусовиро написандид ва дар дақиқаи 17-ум Мирослав Клозе голи дуввуми тимашро вориди дарвозаи Коста Рика кард. Бо ҳамин нимаи нахусти бозӣ поён ёфт.


Дақоиқе пас аз оғози нимаи дуввуми бозӣ севвумин тӯби Олмон вориди дарвозаи Коста Рика шуд. Дар дақиқаи шасту якуми бозӣ Мирослав Клозе тӯбро аз ҳарифаш рабуд ва дуввумин голи худу севвумин голи тимашро ба самар расонд. Вале дар дақиқаи 72 Пауло Ванчопе, бидуни ин ки аз шикаст додани тими мизбон навмед шуда бошад, тӯбро ба самти дарвоза фиристоду як гом наздиктар ба пирӯзӣ шуд. Ҳисоб: 3 бар 2, аммо Олмон ҳанӯз бо нирӯи тамом дар ҳоли муқобила бо расидани дубора ба ҳисоби мусовист.


Дар дақиқаи 85 Торстен Фрингс аз тими Олмон ин эҳтимолро як гом дуртар бурд ва бо вуруди чаҳорумин тӯби тими Олмон ба дарвозаи Коста Рика сарусадои ҳаводорони Олмон дар фазо печид ва парчамҳои кишвари мизбон дар саросари майдон барафрошта шуд. Ҳисоб: 4 бар 2. Ва ҳатто бо афзудани беш аз се дақиқаи дигар ба бозӣ ин ҳисоб дигар тағйир накард. Дар натиҷа нахустин бозии Ҷоми Ҷаҳонии 2006 бо пирӯзии Олмон - тими мизбон бар Коста Рика поён ёфт.
XS
SM
MD
LG