Пайвандҳои дастрасӣ

Футболи Тоҷикистон ва оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол


Ду бозии навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 3 бар 0 ғолиб омад ва дидори дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо тими «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Вале ин натиҷаҳо мавқеи дастаҳои пешсафро дар ҷадвали бозиҳо тағйир надод. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 22 имтиёз дар мақоми аввал, дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 16 имтиёз дар мақоми дуввум ва тими «Хима»-и Душанбе бо 14 имтиёз дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.
Дар ҳоле,ки дар Тоҷикистон мусобиқоти қаҳрамонии футболи ин кишвар ҷараён дорад, дар Олмон 32 дастаи миллии футболи кишварҳои олам барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ҷамъ омадаанд. Ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон низ ба ин бузургтарин рӯйдоди варзишии ҷаҳон таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва ҳар кадом ба дастаҳои кишварҳои мухталиф мухлисӣ мекунанд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки рӯзҳои 10 ва 11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Сато, поягузори каратэ-до дар ҷамоҳири собиқ шӯравӣ баргузор мешавад. Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсиюни каратэ-дои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот барои севвумин бор дар ин кишвар доир хоҳад шуд. Вай афзуд, дар ин мусобиқот варзишгарони Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Русия, Беларус, Узбакистон ва Тоҷикистон рақобат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот варзишгарони маъруфи кишвар, ба мисли Фирӯз Темуров, Диловар Шарифов, Эраҷ Ҳакимов, Комрони Пӯлодӣ, Субҳон Абдуллоев, Темур Беков, Алиҷон Саримсоқов, Нигина Хайруллоева ва Маҳфуза Ҳакимова намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG