Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши раҳбари Толибон ба марги Зарқовӣ


Дар баёнияи тозаи мансуб ба Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Толибон, омадааст, ки марги Абумусъаб аз-Зарқовӣ, пайкорҷӯи шабакаи ал-Қоъида аз шиддати "муқовимат" дар Ироқу Афғонистон нахоҳад кост. Ин баёния меафзояд, ки марги Зарқовӣ бар асари як ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои омрикоӣ Мулло Муҳаммад Умар ва "ҳамаи мусалмонони муқовимати Афғонистон"-ро андӯҳгин кардааст. Аммо дар ин баёния иддаъо шудааст, ки раҳбари шабакаи ал-Қоъида дар Ироқ "ба хоста ва ҳадафҳои худ" ноил шуд ва ин ки ҳазорон нафари дигар ҳозиранд ҷойгузини ӯ шаванд. Ал-Қоъида тайи муддате дароз аз муттаҳидони Толибон буд. Ҷунбиши Толибон соли 1996 дар Афғонистон рӯи кор омад ва дар авохири 2001 аз сӯи нирӯҳои эътилофи ба раҳбарии Омрико барканор шуд. Мулло Муҳаммад Умар аз он замон то кунун пинҳон аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG