Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як пулиси рус ба гумони латукӯби донишҷӯёни тоҷик


Анатолий Зуев, додситони шаҳри Маскав, мегӯяд, вай таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба донишҷӯёни тоҷикро таҳти назорати вижаи худ гирифтааст, аммо фикр намекунад, ин воқеъа ангезаҳои қавмӣ дошта бошад. Бо эъломи ин мавзеъгирии додситони Маскав, сухангӯйи ӯ, Сергей Марченко, изофа кард, ки дар бораи ин ҳамла як корманди 27-солаи шӯъбаи пулиси ноҳияи Вихинои шаҳри Маскав боздошт шудааст: "Ба зудӣ дар баробари ӯ кайфархост (айбнома)-и расмӣ эълом хоҳад шуд ва пажӯҳиши ҳамаҷониба идома дорад, то ҳамроҳони вай низ боздошт шаванд."
Шоми 7-уми июн гурӯҳе, ки гуфта мешавад, кормандони пулиси Маскав будаанд, ба хобгоҳи Донишгоҳи байнулмилалии умури идорӣ ворид шуда, панҷ ва бино ба бархе хабарҳои дигар, шаш шаҳрванди Тоҷикистонро шадидан (аз ҷумла бо занҷир ва калтакҳои оҳанин) латукӯб карда ва пулу моли онҳоро рабудаанд. Сафорати Тоҷикистон ин ҳамларо маҳкум кард ва хостори муҷозоти гунаҳкорони ҳодиса шуд. Яке аз ҷабрдидагон ба хабарнигори Озодӣ дар Маскав, Муҳаммадраҳими Сайдар гуфт, ки пизишкон аз имдоди тиббӣ ба ҷабрдидагон сар печидаанд, зеро нозири хобгоҳ, ки ҳамсари раиси пулиси ноҳияи Вихино будааст, нахостааст, ки воқеъа мустанад шавад. Ҳамчунин тибқи хабарҳо, кормандони пулис гуфтаанд, ки онҳо бо қасди интиқомҷӯӣ афроди дигареро меҷустаанд, аммо иштибоҳан тоҷиконро кӯбидаанд.
XS
SM
MD
LG