Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви 50 адад мин дар навоҳии марзии Тоҷикистон


Коршиносони Марказии миллии минрӯбии Тоҷикистон дар як моҳи гузашта муваффақ ба безарарсозии 50 адад мин дар навоҳии ҷанубу шарқи ин кишвар шудаанд. Парвиз Мавлонқулов муовини раиси Маркази миллии Тоҷикистон бо баёни ин матлаб гуфтааст дар пайи фаъолияти муваффақи ду гурӯҳи сапёрии ин марказ зарфи моҳи майи соли равон дар ноҳияи Ванҷ 30 дона ва дар ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистони Панҷ 20 адад мини зидди нафар кашфу хунсо шудааст.Гуфта мешавад аз замони шурӯъи мавсими нави корӣ дар соли 2005 дар Тоҷикистон масоҳати беш аз 4 ҳазор метри мураббаъ арозии пурхавфи миндор поккорӣ шудааст. Бино ба иттилоъи Парвиз Мавлонқулов муовини раиси Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон феълан кори амнсозии майдонҳои минкоришуда дар минтақаи Ҳалқаёри ноҳияи Панҷ, 220 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон идома дорад. Аммо у афзудаст, бинобар мушкилоти молӣ ва нарасидани коршиносонии ҳирфавӣ ҳамакнун Маркази миллии минрубии Тоҷикистон водор ба қатъи амалиёти поксозӣ дар дигар манотиқи кишвар шудааст. Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон мавсими имсолаи худро моҳи апрел оғоз намуда буд.
Аммо моҳи май зимни амалиёти барчидани мин дар минтақаи Ҳалқаёри ноҳияи Панҷ ду узви гурӯҳи сапёрии Маркази миллии минрубии Тоҷикистон дар пайи инфиҷори мин кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд, ва ин боиси қатъи муваққатии фаъолияти гурӯҳҳои минруб дар ин минтақа гардид.
Тайи ду соли охир гурӯҳҳои Маркази минрубии Тоҷикистон ҷамъан беш аз 190 ҳазор метри мураббаъ аррозии миндори ин кишварро поккорӣ намудаанд. Вале гуфта мешавад бо ин вуҷуд ҳудуди 25 миллион метри мураббаъ манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз минкорӣ шуда боқӣ мемонад. Бар асоси муҳосиботи Маркази минрӯбии Тоҷикистон ин кишвар дар маҷмӯъ барои поксозии манотиқи хатарзои худ ба 10-13 миллион долари амрикоӣ ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои кӯмакрасон дар соли 2006 барои иҷрои барномаҳои Маркази минрубии Тоҷикистон ҳамагӣ 2 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додаанд.
XS
SM
MD
LG