Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин, озодии сухан ва Ҷоми ҷаҳонии футбол


Аммо муҳтавои кунгураи ҷаҳонии рӯзноманигоронро нашрияи «Миллат» дар сармақолаи худ зери унвони «Рӯзноманигорон бедин шавед» ба баррасӣ гирифта навиштааст: «Мудири масъули нашрияи «Ҷилендс пастн»-и Дания ки тавассути нашри корикотурҳои паёмбари ислом шуҳраи офоқ шуда, гуфт агар мо рӯзноманигорон ба ҳар кадом дину табу мутеъ бошем, наметавон дар мавриди озодии сухан ҳарф зад. Вале ӯ ба суоли оё озодии баён барои озодии инсонҳост ё ба хотири муҷиб ба марг шудани онҳо ва оё худро дар марги даҳҳо тан мардуми бегуноҳ, ки бар асари даргириҳо ба дунболи чопи корикотурҳои ӯ фавтидаанд, гунаҳкор медонад, посухи мушаххас нагуфт, ки ин эътирозеро дар зол ба миён овард".

Дар ҳамин ҳол "Азия плюс" аз зери фишори хабарнигорон қарор гирифтани Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хабар дода навиштаст, ки Путин дар ин кунгура ҷиҳати суханронӣ дар ҳузури хабарнигорон ба таъхир ҳозир шуд ва ҳанӯз ба курсии худ нанишаста як гурӯҳ ҷавонони натсионал болшевик баланд шуда ва бо садои баланд «Путин қотили озодӣ» шиорпартоӣ карданд. Вале Владимир Путин бо муроҷиат ба хабарнигорон гуфтааст, шумо дар мавриди афзоиши таъсири ҳукумат ба расонаҳои хабарӣ мегӯед, вале ман маълумот дорам, ки баръакс таъсири ҳукумат то ҳадде ба васоити ахбор коҳиш ёфтааст.

Дар робита ба ин кунгура ҳафтаномаи «Зиндагӣ», хабар додааст, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини ин нишаст, тақдими баландтарин ҷоизаи ин конун бо номи килки тиллоии Озодӣ ба Акбари Ганҷӣ жураналисти саршиноси Ирон буд. Акбари Ганҷи дуввумин журналисти Ирон аст, ки ба ин ҷоизаи баланд соҳиб мешавад. Дар соли 1999 килки тиллоии Озодӣ ба Фараҷи Саркӯҳӣ сардабири маҷаллаи «Одина» тақдим гашта буд.

Ва ин дар ҳолест, ки «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳоди вазорати фарҳанги кишвар дар мавриди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи матбуъот ва дигар воситаҳои ахборро ба таҳлил кашида бо истинод ба назари коршиносон ва рӯзноманигорон навиштааст, ки чунин иқдомгузории вазорати фарҳангро наметавон ҷуз сензураи навбатӣ чизи дигар маънидод кард.

«Наҷот» ҳамчунин дар матлаби дигар- Русия барои Амрико «меҳвари бадӣ» аст? авзои сиёсии ҷаҳонро ки бо дасти абрқудратҳо дигаргуна мешавад, ба таҳлил кашидаст. Нашрия навиштаст, ки дар ин авохир Русия ва Чин даст ба иқдомоти дигаре заданд, ки Амрикоро хуш намеояд. Сухан аз тақвияти паймони иқтисодии Шонгҳой меравад. Таҳлилгарони мустақил бар онанд, ки сарвари Пентагон чун дигар соҳибмансабони Қасри сафед, аз болоравии эътибори Паймони Шанхай нигарон аст.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» сӯҳбатеро бо Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ва раиси феълии комиссиюни қонунгузории порлумони ин кишвар нашр карда ва ин суолро ба миён гузоштааст, ки амрикоиён дар Афғонистон таҷовузкоранд ва ё наҷотбахш?.
Оқои Раббонӣ ба ин суол посух додааст, ки ҳузури қувваҳои хориҷӣ дар кишвар аз тарафи давлат ва парлумон бар асоси як идда қарордодҳои дуҷониба қонунӣ шавад ва он вақт мардум эҳсос мекунанд, ки мо ба хотири амнияти миллӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ кӯмак хостем ва он дар хидмати мо қарор дорад.

Вале нашрияи «Факти и комментарии» дар матлаби «Кишвари кучак миёни таваҷҷӯҳи бузург» аз таваҷҷӯҳи абарқудратҳо ба Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки дар ин авохир яке аз ширкатҳои Амрикоӣ ҳудуди як миллиард доллар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузориро ваъда кард. Ба дунболи ин Владмир Путин, президенти Русия Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба мулоқот даъват карда таъкид кард, ки муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ин кишварҳо хусусияти стротежӣ дорад.

«Бизнес и политика» бо истинод ба назари Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон навиштааст, ки Русия дар мавриди ҳалли мушкилоти миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон таваҷҷӯҳи хос дорад.
Вале нашрия ҳамзамон дар матлаби дигар хабар медиҳад, ки ширкати туҷории «Ланкастер»-и амрикоӣ намояндагии худро дар Осиёи марказӣ боз мекунад, ки қароргоҳи асосии он дар Тоҷикистон мустақар мешавад. Ба навиштаи нашрия ин ширкат дар мавриди хушксозӣ ва ба хориҷи кишвар содир кардани меваи Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Нашри тозаи «Вақт»-ро бештар масъалаи омодагии аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ кадааст, ки дар матлабе ин вазъро ба таҳлил кашида навиштааст, ки эҳтимол дорад, идеяи таъсиси эътилофи сиёсии Тоҷикистон дар давраи интихоботи президентӣ аз байн равад.
XS
SM
MD
LG