Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Ал-Қоидаи Ироқ кушта шудааст


Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Маликӣ имрӯз эълон кард, ки сарвари фирории Ал-Қойида дар Ироқ, Абумусъаб Аз-Зарқовӣ кушта шудааст. Вай гуфт, ин ҳодиса дар ҷарёни амалиёти муштараки нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ шоми рӯзи 7-уми июн ба амал омад.
Фармондеҳи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ генерал Ҷорҷ Каси афзуд: "Ҷасади Зарқовӣ аз рӯи нақши ангуштон, вижагиҳои сурат ва пайи захмҳояш бозшиносӣ шуд."
Генерал Каси изофа кард, ки дар ин амалиёт яке аз ноибон ва мушовирони Зарқовӣ, шайх Абдураҳмон низ кушта шудааст.
Хабари марги Абумусъаб Зарқовии 40-сола дар замони авҷи қудрати ин фармондеҳи урдунитабор нашр шуд.
Дар чанд моҳи охир ӯ ба меҳвари ҳаракатҳои ошӯбгаронаи Ироқ табдил ёфта, аксари одабрамоиву сарбуриҳои ахир ба ӯ ё тарафдорони ӯ нисбат дода мешуд. Ҳамчунин гумон меравад, гурӯҳи ӯ дар таркондани мазори шиъаҳо дар Самарра дар моҳи феврали соли равон даст дошт ва дар як номаи Зарқовӣ гӯё омадааст, ки вай ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ироқ умедвор аст. Моҳи апрели соли равон, Зарқовӣ аввалин бор навори видеоӣ нашр кард, ки дар он аз ваҳдати гурӯҳҳои гуногуни ошӯбгар таҳти фармонаш хабар дода буд.
Нозирон мегӯянд, марги Зарқовӣ дар талоши ваҳдати ошӯбгарони ироқӣ рахнаи умдаеро ба миён хоҳад овард.
Аммо кам касон мегӯянд, ки бо ин ошӯб дар Ироқ ба поён мерасад. Бо вуҷуди ин, мақомоти Ироқ ва ИМ умедворанд, ки марги Зарқовӣ нирӯи шӯришро дар Ироқ ба андозаи ҷиддӣ коҳиш ва имкониятҳои ҳукумати нави Бағдодро дар таъмини амнияту эътимод ба маротиб афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG